Даъвати Афғонистону Покистон ба ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон

Дар бӯстонсаройи беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон «Пугус» воқеъ дар Варзоб мулоқоти сеҷонибаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф баргузор шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуд, ки оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии  КАСА-1000  аз  дастовардҳои  бузург ва таърихии ин давлатҳо […]

Asia-Plus

Дар бӯстонсаройи беруназшаҳрии ҳукумати Тоҷикистон «Пугус» воқеъ дар Варзоб мулоқоти сеҷонибаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ва Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф баргузор шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни вохӯрӣ Эмомалӣ Раҳмон  таъкид намуд, ки оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии  КАСА-1000  аз  дастовардҳои  бузург ва таърихии ин давлатҳо ба ҳисоб меравад.

Дар мулоқоти сегона бо диди васеъ ва иродаи матин суръат бахшидани раванди татбиқи ин тарҳи стратегӣ  таъкид гардида, аз роҳбарони ҳайатҳо даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати татбиқи бетаъхири лоиҳа бо мақсади пайванди табиии  давлатҳои  минтақа  ва  таъмини  рушди устувори иқтисодию иҷтимоии онҳо тадбирҳои судманд амалӣ намоянд.

Ҳамчунин дар заминаи иҷрои тарҳҳои муштарак ҷиҳати тавсеаи зерсохтори иртибототии  кишварҳо  тавассути сохтмони роҳҳои оҳану мошингард, рушди алоқаи ҳавоию  телекоммуникатсионӣ  ва пайвастагии минтақавӣ, истифодаи масири транзитӣ ва имзои ҳарчи зудтари Созишномаи тиҷорати транзитии се кишвар  фикру мулоҳизаҳои судман баён карда шуд.

Густариши бештари  ҳамкориҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ  ба нафъи мардумони се кишвар ва омили муҳимми  тавсеаи робитаҳои минтақавӣ дониста шуд ва  мусоидату корбурди василаҳои муосир – гузаронидани  намоишгоҳҳову анҷуманҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ  ва сармоягузории муштарак бо мақсади ташвиқи бештару муаррифии имкониятҳои ҳамдигар, аз ҷумла маҳсулоти кишоварзӣ  муфид арзёбӣ гардид.

Бо назардошти ин, Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ҳамчун иқдоми аввал дар ин ҷода дар рӯзҳои ҷашни суннатии Меҳргон дар моҳи октябри соли равон Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон,Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Душанбе гузаронида шавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба масъалаҳои муҳими марбут ба ҳамкориҳои сеҷониба дар самти иштироки фаъол дар баэътидоловарии вазъи мураккаби сиёсию низомии Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккил ва қочоқи маводи нашъаовар табодули афкор намуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.