Эмомалӣ Раҳмон ва Ашраф Ғанӣ лоиҳаи CASA-1000-ро таърихӣ номиданд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар бӯстонсарои беруназшаҳрии “Пугус” бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳо дидору гуфтушунид намуда, дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди навбатии Раисҷумҳури Афғонистон ба Тоҷикистон  қадами устувору боварибахш дар роҳи густариш ва […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Раисҷумҳури Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ дар бӯстонсарои беруназшаҳрии “Пугус” бо иштироки ҳайатҳои расмии кишварҳо дидору гуфтушунид намуда, дар мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, боздиди навбатии Раисҷумҳури Афғонистон ба Тоҷикистон  қадами устувору боварибахш дар роҳи густариш ва тақвияти равобити нек ва дӯстии таърихии мардумони Тоҷикистону Афғонистон арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки тамосҳои мунтазами сиёсии ду давлат, аз ҷумла дар сатҳи олӣ  дар давоми 25-соли барқарории робитаҳои дипломатӣ хислати мунтазамро касб намуда, пур аз дастовардҳои воқеан таърихӣ мебошанд.

Ҳамдастию ҳамгироии байнидавлатӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи таърихии КАСА-1000 намунаи барҷастаи робитаҳои сатҳи олӣ номида шуд ва иштироки бевоситаи роҳбарияти Афғонистон дар кори нишасти имрӯза боз як далели пуштибонии ҳамаҷонибаи Ҳукумати Афғонистон аз ин лоиҳаи муҳими минтақавӣ маънидод гардид.

Дар мулоқот, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии комил баргузор гашт масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Афғонистон, дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузории мустақим, инфрасохтори энергетикӣ, роҳҳои нақлиёт ва оҳан, инчунин истифодаи имкониятҳои муштараку минтақавии транзитӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо ҳамчунин барои ҳамдастии минбаъда дар роҳи таъмини амнияту суботи сартосарӣ дар Афғонистон, мубориза бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва таҳкими сарҳади байнидавлатӣ табодули афкор намуданд.

Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ба Эмомалӣ Раҳмон барои талошҳои пайваста дар роҳи ба эътидол овардани вазъи сиёсию низомии Афғонистон, дастгирии ин кишвар дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон арзи сипосу миннатдорӣ карда, таъкид дошт, ки ҷониби Афғонистон дар ҷавоб ба ин таваҷҷуҳ ва дастгириҳои ҷониби Тоҷикистон пайваста талош хоҳад кард, ки сатҳу сифати ҳамкориҳои байнидавлатӣ ба таври доимӣ ҷавобгу ба манфиатҳои миллии ҳарду давлат бошад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.