Сафари кории раиси вилояти Суғд ба ноҳияи Ашт

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дода, боздиди ӯ аз шиносоӣ бо рафти бунёди корхонаи истеҳсоли намак дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод оғоз ёфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ зимни боздид аз ин корхона тавсия дод, ки асосан маҳсулоти намунавии содиротиро истеҳсол намуда, роҳҳои ворид шудан ба […]

Asia-Plus

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ноҳияи Ашт сафари корӣ анҷом дода, боздиди ӯ аз шиносоӣ бо рафти бунёди корхонаи истеҳсоли намак дар Ҷамоати деҳоти Меҳробод оғоз ёфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилоят, Абдураҳмон Қодирӣ зимни боздид аз ин корхона тавсия дод, ки асосан маҳсулоти намунавии содиротиро истеҳсол намуда, роҳҳои ворид шудан ба бозори  давлатҳои хориҷаи наздикро пайдо намояд ва дар оянда ҳаҷми истеҳсолотро афзун намуда, бо зиёд кардани  шумораи ҷойҳои корӣ дар таъмини сокинони ноҳия бо кори доимӣ саҳмгузор шавад.

Зимни сафар Раиси вилоят аз мавзеи аз офати табиӣ зарардидаи Ҷамоати деҳоти Пунук низ дидан намуда, ба 11 оила кӯмакпулӣ такдим кард ва ба масъулин дастур дод, ки оқибатҳои офатро ҳарчӣ зудтар бартараф намоянд.

Гуфта мешавад, дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ашт Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъи нашъунамои пахта дар хоҷагии деҳқонии “Рахшона” шинос шуда, ҳамчунин дар мавзеи Ҳафттеппа бо раванди барқарорсозии шабакаҳои обрасонӣ ва азхудкунии заминҳои бекормонда аз наздик шинос шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.