«Маde in India»: намоиши маҳсулоти Ҳиндустон дар Душанбе

Дар маҷмааи “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе давоми рӯзҳои 14-23 июл намоиши молу маҳсулоти Ҳиндустон доир мегардад. Намоиш аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати ҳиндустонии «PSP Traders&Services Pvt.Ltd» бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода мешавад. Намоиш расман санаи 14 июл соати 10:00 ифтитоҳ мегардад. Тавре ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи фаъолияти ташкили намоиш ва […]

Asia-Plus

Дар маҷмааи “Кохи Борбад”-и шаҳри Душанбе давоми рӯзҳои 14-23 июл намоиши молу маҳсулоти Ҳиндустон доир мегардад.

Намоиш аз ҷониби Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ва ширкати ҳиндустонии «PSP Traders&Services Pvt.Ltd» бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон созмон дода мешавад. Намоиш расман санаи 14 июл соати 10:00 ифтитоҳ мегардад.

Тавре ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи фаъолияти ташкили намоиш ва ярмаркаи Палатаи савдо ва саноати ҶТ Дилшод Мирсаидов хабар дод, дар намоиш-ярмарка маҳсулоти бахшҳои гуногуни 25 ширкати ҳиндустонӣ, аз ҷумла сарулибос, зебу ороишоти занона аз сангу металлҳои қиматбаҳо, пойафзоли мардона, сандуқҳои чӯбин, атриёт, техника ва ғайра ба маърази тамошову фурӯш гузошта мешавад.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати ҶТ, ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ҷалби самоягузорӣ, технологияҳои нав ва таҳкими робитаҳо миёни тоҷирону соҳибкорони Тоҷикистону Ҳиндустон аст.

Баргузор намудани намоиши навбатии маҳсулоти Ҳиндустон дар Тоҷикистонро ба он нисбат медиҳанд, ки дар кишвари мо талабот ба маҳсулоти ин кишвар зиёд мебошад.

Баргузории намоиш-ярмаркаи маҳсулоти Ҳиндустон ҳамчунин дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва Хуҷанд низ ба нақша гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Пас аз мусобиқаи силсилаи “Тоскулоҳи бузург” дар Душанбе, дар радабандии ҷаҳонии IJF ду натиҷаи таърихӣ барои Тоҷикистон сабт шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.