Баррасии масъалаи табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин дар Маҷлиси миллӣ

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз дар иҷлосияи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ доир ба масъалаи табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин изҳори ақида кард. “Табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар тибқи меъёрҳои қонуни ҳанӯз моҳи октябри соли 2009 қабулшуда “Дар бораи забони давлатӣ сурат мегиранд”, – иброз дошт раиси палатаи болоии парлумон. Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев имрӯз дар иҷлосияи палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ доир ба масъалаи табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишин изҳори ақида кард.

“Табдили номи маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар тибқи меъёрҳои қонуни ҳанӯз моҳи октябри соли 2009 қабулшуда “Дар бораи забони давлатӣ сурат мегиранд”, – иброз дошт раиси палатаи болоии парлумон.

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ Муҳммадюсуф Имомзода дар ин робита изҳор дошт, ки ивази номи маҳаллаҳои аҳолинишине, ки дар онҳо меъёрҳои забони тоҷикӣ ба инобат гирифта нашудааст, бо ташаббуси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мешавад.

“Бо тағйири номи маҳаллаҳои аҳолинишини Тоҷикистон ба номҳои дурусти тоҷикӣ, мо ба решаҳои таърихии худ бармегардем ва ин амал минбаъд низ идома хоҳад ёфт”, – таъкид дошт номбурда.

Бо пешниҳоди ҳукумат имрӯз дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ деҳаҳои Уртқайнар ва Ғорбулоқи ноҳияи Ёвон ба Зафар ва Ғорчашма табдили ном карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосим Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт 

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.