Озода Раҳмон масоили сарпарастӣ дар ТВ ва радиоро шарҳ дод

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи реклама” ҷонибдорӣ намуданд. Минбаъд истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони машрубот ва маснӯоти тамоку дар барномаҳои телевизиону радио ва мавод дар рӯзномаву маҷаллаҳо сарпараст шуда наметавонанд. Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ Озода Раҳмон ба аъзои палатаи болоии парлумон дар […]

Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон имрӯз аз ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қонун “Дар бораи реклама” ҷонибдорӣ намуданд. Минбаъд истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони машрубот ва маснӯоти тамоку дар барномаҳои телевизиону радио ва мавод дар рӯзномаву маҷаллаҳо сарпараст шуда наметавонанд.

Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллӣ Озода Раҳмон ба аъзои палатаи болоии парлумон дар ин робита изҳор намуд, ки дар тағйироту иловаҳо ба сарпарастони барномаҳо дар телевизиону радио, ки онро истеҳсолкунандагон ва фурӯшандагони машрубот ва маснӯоти тамоку роҳандозӣ мекунанд, ҷарима пешбинӣ шудааст. Амоо аз ҳаҷми чунин ҷаримаҳо маълумот дода нашуд.

Мутобиқи тағйироту иловаҳои қабулшуда ба қонуни мазкур, минбаъд зимни реклама (таблиғ)-и маҳсулоту хизматгузориҳо дар Тоҷикистон, истифодаи истилоҳҳое аз қабили «рақами як», «беҳтарин», «сифати баланд», «бо нархҳои паст» манъ мешавад.

Ғайр аз ин, тағйироту иловаҳои мазкур минбаъд ба дар барномаи телевизиону радио ҷой додани рекаламаи давомнокиаш беш аз 3 дақиқа иҷозат намедиҳанд. Ҷойгир кардани реклама дар китобҳои дарсии дар ҷумҳурӣ нашршуда манъ гардида, манъи ҷойгиркунии ҳама гуна реклама ба китобҳои дарсӣ, дафтару рӯзномаҳои мактабӣ ва ғайра дахл дорад.

Дар иҷлосияи имрӯзаи маҷлиси миллӣ ҳамчунин тағйироту иловаҳо ба Кодекси Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ маъқул шуморида шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.