Трамп даст кашидан аз Green Card-ро пешниҳод кард

Доналд Трамп, президенти ИМА пешниҳод кард, ки қоидаи дарёфти "корти сабз" ё "грин карта" (Green Card) тағйир ёбад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай ҳамроҳ бо ду сенатори дигар лоиҳаеро бо номи The RAISE таҳия кардааст, ки бар асоси лоиҳа лотерея ҳангоми дарёфти ҳаққи истиқомат дар ИМА бекор карда мешавад. Гуфта мешавад, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Доналд Трамп, президенти ИМА пешниҳод кард, ки қоидаи дарёфти "корти сабз" ё "грин карта" (Green Card) тағйир ёбад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай ҳамроҳ бо ду сенатори дигар лоиҳаеро бо номи The RAISE таҳия кардааст, ки бар асоси лоиҳа лотерея ҳангоми дарёфти ҳаққи истиқомат дар ИМА бекор карда мешавад.

Гуфта мешавад, бар асоси низоми пешниҳодии Трамп, бартарият дар навбатпоии "корти сабз" ба он муҳоҷироне дода мешавад, ки сатҳи забондониашон баланд аст, даромади хуб ва инчунин касби барои Амрико серталаботро доранд.

Зикр мегардад, ки президент низоми кунунии "корти сабз"-ро танқид кард. Вай гуфт, низоми кунунӣ боис шуд, ки "муҳоҷирони зиёде бо сатҳи ками даромад вориди ИМА шуда", дар натиҷа аз давлат кӯмакпулӣ дарёфт мекунанд.

Низоми ҷории дарёфти ҳаққи истиқомат дар ИМА соли 1990 қабул шуда буд. Тибқи тартиботи кунунӣ, "корти сабз" бар асоси лотерея дода мешавад. Шаҳрвандони кишварҳое, ки шумори ками сокинонашон дар ИМА муҳоҷир ҳастанд, ҳақ доранд, дар он лотерея ширкат варзанд. Ҳамасола наздики 50 ҳазор одам бо дарёфти "корти сабз" ё "грин карта" ҳаққи истиқомат ва корро дар ИМА соҳиб мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.