Убайдуллоев ба якдилона дастгирии тағйирот ба қонуни танзим бовар дорад

Раиси палатаи болоии палумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи санаи 28 август даъват шудани иҷлосияи 12-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум қарор ба имзо расонид. Аъзои палатаи болоии парлумон тағйиру илова ба қонунҳо Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси палатаи болоии палумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи санаи 28 август даъват шудани иҷлосияи 12-уми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати панҷум қарор ба имзо расонид.

Аъзои палатаи болоии парлумон тағйиру илова ба қонунҳо Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ», «Дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ»,  «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», Кодекси ҷиноятии ҶТ  ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи болоии палумон хабар дод.

Тағйиру илова ба қонунҳои дар боло зикршударо вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз, 23 август мавриди баррасӣ қарор дода, мувофиқи меъёрҳои қонунгузории кишвар, танҳо қонунҳои аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабулшуда ҷиҳати тасдиқ ба Маҷлиси миллӣ фиристода мешавад.

Даъвати иҷлосияи навбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ба санаи 28 август гувоҳи он аст, ки раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ба аз ҷониби вакилони палатаи поёнӣ имрӯз якдилона пазируфта шудани тағйиру иловаҳое, ки Президент пешниҳод намудааст,  бовар дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.