Парлумон тағйирот ба қонуни танзимро қабул кард. Ҷиҳози арӯс баъдтар маълум мешавад

Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз аз тағйиру илова ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҶТ» якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Барои шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ҳатто ходимони дин ба парлумон даъват шуда буданд. Раиси Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон Файзулло Баротзода вакилонро ба ҷонибдорӣ аз тағйиру илова ташвиқ карда, изҳор намуд, ки минбаъд […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вакилони палатаи поёнии парлумон имрӯз аз тағйиру илова ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҶТ» якдилона ҷонибдорӣ намуданд. Барои шарҳу тавзеҳи тағйиру иловаҳо ҳатто ходимони дин ба парлумон даъват шуда буданд.

Раиси Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон Файзулло Баротзода вакилонро ба ҷонибдорӣ аз тағйиру илова ташвиқ карда, изҳор намуд, ки минбаъд кору ташвиши мақомоти давлатӣ зиёдтар мешавад.

«Аксари ҷашну маросимҳоеро, ки қонун онҳоро танзим мекунад, дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон аҳолӣ ҳамчун ҷашну маросими миллӣ ё динӣ мешуморад, – иброз дошт ӯ. – Аз ин рӯ, шарҳи дурусти банду моддаҳои қонун ба аҳолӣ аз мо масъулияти бузургро тақозо мекунад».

Дар посух ба саволҳои сершумори вакилон,аз ҷумла якҷоя гузаронидани хатнасур бо тӯйи арӯсӣ намояндагони ҳукумат посух доданд, ки ин кор манъ буда, тӯйи хатнасур дар доираи оила бидуни даъвати санъаткорон гузаронида мешавад, зеро хатнасур маросими ба оила хос буда, тӯйи хонадоршавӣ маросими иҷтимоист.

Дар робита ба забҳи чорво намояндагони ҳукумат изҳор доштанд, ки аҳолӣ барои эҳтиёҷоти худ дар ҳама гуна вақт метавонад чорвояшро забҳ кунад ва дар ин кор ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ намешавад.

Дар мавриди тайёр кардани ҷиҳози арӯс зикр гардид, ки ояндаи наздик оид ба ин масъала тағйиру иловаҳо ба Кодекси оила омода мешаванд, ки уҳдадориҳои ҷониби арӯс ва домодро дар ин мавридҳо муайян хоҳанд кард.

Вакил Абдураҳим Холиқзода ҳамчунин қайд кард, ки «ба мардум зарурат надоштани чунин хароҷоти зиёд ва исрофкориро, ки аз онҳо Аврупо дар асри 18, ИМА – дар асри 19 ва Япония – дар асри 20 даст кашиданд, дуруст шарҳ додан лозим аст».

Дигар вакили парлумон Ҷаббор Аҳмедов мутмаин аст, ки қабули тағйиру иловаҳо ба масъалаи муҳоҷирати шаҳрвандони Тоҷикистон низ таъсири мусбат мерасонад, зеро «аксари шаҳрвандони мо маҳз барои кор кардану ҷамъоварии пули тӯй ба хориҷи кишвар мераванд».

Ӯ ҳамчунин ба Хадамоти зиддиинҳисории ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, қайд кард, ки «имрӯз ҳунармандони тоҷик барои гузаронидани як маъракаи тӯй аз 500 то 50 ҳазор доллар маблағ мегиранд ва ба ин масъала ҳатман машғул шудан зарур аст».

Зимни суханронӣ назди вакилон раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода зикр кард, ки ҳеҷ кадоме аз банду моддаҳои тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда ба шариати ислом мухолифат надорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.