Масъули ҳунарнамоии доиранавозон ба кор барқарор шуд. Раис танбеҳ гирифт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш танбеҳ эълон кард. Мудири идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳия, ки аз кор озод шуда буд, ба вазифаааш барқарор шуд. Ёдрас мекунем, ки як иштибоҳи доиранавозони гурӯҳи “Очаҷонҳо” ҳангоми истиқболи президент дар ноҳияи Хуросони вилояти […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш танбеҳ эълон кард. Мудири идораи кор бо занон ва оилаи ҳукумати ноҳия, ки аз кор озод шуда буд, ба вазифаааш барқарор шуд.

Ёдрас мекунем, ки як иштибоҳи доиранавозони гурӯҳи “Очаҷонҳо” ҳангоми истиқболи президент дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон сабаби барканории раиси идораи кор бо занони ин ноҳия Зиёда Саломова шуда буд.

Хадамоти матбуоти сарвари давлат дар ин робита иттилоъ медиҳад, ки дар баъзе расонаҳои иттилоотӣ ибтидо аз рӯзи 15-уми августи соли ҷорӣ таҳти унвони "Баромади ансамбли дойранавозон боиси аз вазифа сабукдӯш гардидани раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Хуросон гардид" ба нашр расида, атрофи ин мавод фикру мулоҳизаҳои нодуруст, аз ҳақиқат ва асли воқеа дур дарҷ гардиданд.

Зикр мегардад, ки сафарҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мақсади шиносоӣ аз вазъи зиндагӣ ва мулоқоти ошкоро бо сокинони шаҳру навоҳии мамлакат сурат мегирад, на барои баҳодиҳии сатҳи маросимҳои истиқбол, ки мардум аз сари сидқу вафо ва самимият Пешвои худро истиқбол мегиранд.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи гузаронидани тафтиши хизматӣ муайян карда шуд, ки зимни сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Хуросон ягон эрод ё изҳори норозигӣ нисбати фаъолияти гурӯҳи зикргардида нашуда буд.

«Раиси ноҳияи Хуросон Раҳматулло Сафарзода дар баробари дигар камбудиҳо Зиёда Саломоваро аз вазифа сабукдӯш намудааст, – омадааст дар хабар. – Новобаста ба ин, Зиёда Саломова ба вазифаи пешинааш барқарор гардида, бо Амри Президенти Тоҷикистон ба раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Раҳматулло Сафарзода бинобар ба таври дахлдор иҷро накардани вазифаҳои хизматиаш "танбеҳ" дода шуд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.