Сафири ИМА дар Тоҷикистон ба вазифаи нав таъин шуд

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ба вазифаи нав таъин шуда, акнун Душанберо тарк мекунад. Ба ҳайси сафири Тоҷикистон ӯ каме бештар аз якуним сол (аз охири соли 2015) фаъолият намуд. Рӯзи 31-уми август сафир Миллард бо мақсади иҷрои вазифа ба ҳайси роҳбари Бюро оид ба масоили Аврупо ва Евразия дар Департаменти давлатии ИМА, Тоҷикистонро […]

Asia-Plus

Сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард ба вазифаи нав таъин шуда, акнун Душанберо тарк мекунад. Ба ҳайси сафири Тоҷикистон ӯ каме бештар аз якуним сол (аз охири соли 2015) фаъолият намуд.

Рӯзи 31-уми август сафир Миллард бо мақсади иҷрои вазифа ба ҳайси роҳбари Бюро оид ба масоили Аврупо ва Евразия дар Департаменти давлатии ИМА, Тоҷикистонро тарк менамояд. Дар ин бора дар сомонаи расмии сафорати ИМА дар Тоҷикистон иттилоъ дода мешавад.

«Ба чунин вазифаи баланд таъин гардидан шарафи калон аст, аммо барои сафир Миллард падруд бo Тоҷикистон ниҳоят мушкил аст, – омадааст дар сомонаи сафорат. – Дар муддати якуним сол ӯ аз табиати зебои Тоҷикистон, фарҳангу забони ғании он, ба хусус, меҳмоннавози халқи он ҳаловат мебурд».

Гуфта мешавад, давоми фаъолияти кории ӯ, Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон ҳамкориро дар доираи платформаи С5+1 пурзӯр намуданд, ки он ба панҷ давлати Осиёи Марказӣ ва ИМА имконият дод, то ҳамкориро дар ҷодаи манофеи муштарак амалӣ созанд.

«Ду кишвар 25 солагии истиқрори муносибатҳои дипломатиро қайд намуданд, ки ин шарикӣ ба пешрафти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, соҳибкорӣ, кишоварзӣ, инчунин ҳамкориҳои низомӣ мусоидат менамояд, – қайд мешавад дар хабар. – Кормандони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон аз он фахр доранд, ки бо Сафир Миллард якҷоя кор карданд, ва ба ӯ дар иҷрои вазифаи пурмасъулаш муваффақият орзу менамоянд».

Зимнан зикр мегардад, ки сафири нави ИМА дар Тоҷикистон ҳоло таъин нашуда, муовини роҳбари намояндагии дипломатӣ Кевин Коверт ҳамчун кордори сафорат пас аз рафтани сафир Миллард фаъолият хоҳад кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои кишварҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон аҳаммияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.