Эмомалӣ Раҳмон бо тоҷирони Чин мулоқот мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи 30 август бо сафари давлатӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин ворид шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин, ки ба хотири истиқболи меҳмони олиқадр идона ороста шуда буд, Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд. Гуфта […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шоми рӯзи 30 август бо сафари давлатӣ ба пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин ворид шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин, ки ба хотири истиқболи меҳмони олиқадр идона ороста шуда буд, Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Гуфта мешавад, дар назар аст, ки зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, роҳбарони воломақоми ҳукумати ин кишвар ва намояндагони ширкатҳои бонуфузи чинӣ ба хотири таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, мулоқотҳои судманд анҷом медиҳанд.

Зимнан зикр мегардад, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, таҳким ва густариши робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистон бо давлати Чин яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад. Заминаи меъёрӣ-ҳуқуқии ду кишварро тақрибан 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.