Президент: «Мо набояд идро ба тӯй табдил диҳем»

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад, мардуми ҷумҳуриро бо фарорасии Иди саиди Қурбон табрику таҳният намуд. Дар паёми телевизионии сарвари давлат қайд мешавад, ки таълимоти дини мубини ислом ва ғояи усулии он дар баробари тоату ибодат, инчунин, сарчашмаи адаб ва махзани бузурги панду андарз мебошад, зеро он […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Мардумии Чин қарор дорад, мардуми ҷумҳуриро бо фарорасии Иди саиди Қурбон табрику таҳният намуд.

Дар паёми телевизионии сарвари давлат қайд мешавад, ки таълимоти дини мубини ислом ва ғояи усулии он дар баробари тоату ибодат, инчунин, сарчашмаи адаб ва махзани бузурги панду андарз мебошад, зеро он ҳамеша некиву накӯкорӣ ва бародариву баробариро тарғибу талқин намуда, хушунату зӯроварӣ ва ифротро маҳкум мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон зикр мекунад, ки дар шароити рушди босуръати техника ва технология, ки ҷомеаи башариро ба сӯи кашфиёту ихтироот ва навгониҳои бесобиқа мебарад, моро низ зарур аст, ки аз замонаи пешрафт қафо намонем ва ба омӯзиши амиқи илмҳои гуногун ва васеъ намудани ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ҳарчи бештар талош кунем.

“Дар баробари ин, мо бояд фарҳанги миллии худро, ки арзишҳои исломӣ ҷузъи он мебошанд, ҳимоя намоем ва онҳоро барои манфиатҳои ҷомеаву давлатамон сафарбар созем, – омадааст дар паём. – Мардуми мусулмони мо ба шарофати истиқлолияти давлатӣ ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот иди Қурбон ва дигар маросиму суннатҳои эътиқодии худро озодона адо менамоянд”.

Дар паёми телевизионӣ Сарвари давлат ба тағйиру иловаҳои чанде қабл қабулшуда ба қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад.

Ба гуфтаи Президент, ҳадафи тағйиру иловаҳои қабулшуда баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва махсусан, оилаҳои камбизоат буда, ба онҳо дар зиндагиву рӯзгордориашон ва ҳангоми гузаронидани маросиму маъракаҳо сабукиҳои зиёд меоранд ва пеши роҳи исрофкориву зиёдаравиро мегиранд, ки то ҳанӯз дар баъзе мавридҳо ҷой доштанд ва тағйиру иловаҳои воридшуда ба идҳои динии мо низ дахл дошта, бо харҷи кам гузаронидани рӯзҳои ид ва маросими азодориро пешбинӣ кардаанд.

“Мо бояд идро ба тӯй ва зиёфати бодабдаба табдил надода, онҳоро хоксорона, бо оростани дастархони маънавӣ доир намоем ва бештар ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии он диққат диҳем”, – таъкид мекунад Сарвари давлат.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рӯзи иди Қурбон низ мардум бояд ба зиёдаравӣ роҳ надода, бештар ба арзиши маънавии он, ки аз сухани нек гуфтан, дасти мадад дароз кардан ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо, аёдати падару модарон, беморону азодорон ва дигар аъмоли хайру савоб иборат мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир намояд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.