Душанбе: ҷаримаи забҳи чорво назди манзилҳо то 2 ҳазор доллар

Ҳукуматдорони пойтахт барои куштанаи чорво дар Иди Қурбон ҷойҳои махсус муқаррар кардаанд. Қонуншиканон аз 8 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд. Дар  маҳалла ва назди раёсатҳои хоҷагии манзили коммуналӣ доир ба манъи забҳи чорво назди биноҳои истиқоматӣ эълон овехта шудааст. “Барои забҳи чорво дар шаҳри Душанбе 93 ҷой муқаррар шудаааст, аз ҷумла дар ноҳияи Исомили […]

Ҳукуматдорони пойтахт барои куштанаи чорво дар Иди Қурбон ҷойҳои махсус муқаррар кардаанд. Қонуншиканон аз 8 то 16 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд.

Дар  маҳалла ва назди раёсатҳои хоҷагии манзили коммуналӣ доир ба манъи забҳи чорво назди биноҳои истиқоматӣ эълон овехта шудааст.

“Барои забҳи чорво дар шаҳри Душанбе 93 ҷой муқаррар шудаааст, аз ҷумла дар ноҳияи Исомили Сомонӣ – 20 ҷой, ноҳияи Шоҳмансур – 17, Фирдавсӣ – 15 ва дар ноҳияи Сино – 41 ҷой муқаррар шудааст”, – хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз шаҳрдории Душанбе.

Суроғаи ҷойҳои забҳи чорворо сокинони Душанбе аз раёсатҳои истифодабарии манзили хонаҳояшон ё аз маъмурияти ноҳия дарёфт карда метавонанд.

Қаблан мақомоти шаҳрдории пойтахт овозаҳо дар бораи ҳисоботи шахсони нияти қурбонӣ кардани дошта назди комиссияи махсусро, ки қисмате аз гӯшти чорвои қурбонишударо бояд ба хонаи кӯдакону пиронсолон ё интернат диҳанд, низ рад карданд.

“Ҳар касе мувофиқи хоҳишаш қисмате аз гӯштро метавонад ба хонаҳои кӯдакон диҳад. Ҳеҷ гуна комиссияи махсусе нахоҳад буд, ба ин кор касеро маҷбур нахоҳанд кард”, – гуфтанд дар мақомоти шаҳрдорӣ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.