Кумитаи дин: дар Душанбе Иди Қурбонро бе қонуншиканӣ ҷашн гирифтанд

Date:

Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки дар ҷашни Иди Қурбон дар Душанбе ҳеҷ гуна қонуншиканӣ ба қайд гирифта нашудааст. Пас аз таҳлил доир ба дигар минтақаҳо низ дар ин хусус маълумот дода мешавад.

“Тамоми муддати ҷашнгирии ид комиссияи мо кор карда, ҳеҷ як қонуншиканиеро ошкор накард, – хабар дод сухангӯи Кумита Афшин Муқим. – Сокинони Душанбе дастурхони хоксорона оростанд”.

Ба гуфтаи намояндаи Кумита, маълумот дар бораи чӣ гуна дар минтақаҳо ҷашн гирифтани Иди Қурбон алҳол ҷамъоварӣ ва мавриди таҳлил қарор дорад.

Рӯзи 31 август Президенти Тоҷикистон дар паёми табрикотии худ ба муносибати ҷашни Иди Қурбон таъкид дошт, ки тоҷикистониён набояд идро ба тӯй ва зиёфати бодабдаба табдил диҳанд, балки онро хоксорона, бо оростани дастархони маънавӣ доир намоянд ва бештар ба ҷанбаи тарбиявию ахлоқии он диққат диҳанд.

“Дар рӯзи иди Қурбон низ мардум бояд ба зиёдаравӣ роҳ надода, бештар ба арзиши маънавии он, ки аз сухани нек гуфтан, дасти мадад дароз кардан ба ятимону маъюбон, муҳтоҷону камбизоатҳо, аёдати падару модарон, беморону азодорон ва дигар аъмоли хайру савоб иборат мебошад, таваҷҷуҳ зоҳир намояд”, – гуфт Президент.

Дар ҳамин ҳол, имсол Иди Қурбон ба санаи 1 сентябр – ҷашни Рӯзи дониш рост омада, хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва донишҷӯён ба машғулиятҳо ҳозир шуданд.

Гузориши мо дар бораи аз ҷониби аҳолии Тоҷикистон чӣ гуна ҷашн гирифтани Иди Қурбон.

МЕДИА (YOUTUBE)

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...