Ҳалокати халабони Вазорати мудофиа дар садамаи нақлиёт

Дар як ҳодисаи садамаи нақлиёт халабон (лётчик)-и ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, капитан Эҳсонҷон Ҷалолов ба ҳалокат расид. Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода хабар дод, фавтида ҳамсар ва як фарзанди хурдсол доштааст. Ба гуфтаи ӯ, Эҳсонҷон Ҷалолов панҷ сол пеш омӯзишгоҳи ҳарбии халабониро дар Русия хатм карда, дарҳол баъди хатми он […]

Asia-Plus

Дар як ҳодисаи садамаи нақлиёт халабон (лётчик)-и ҳарбии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, капитан Эҳсонҷон Ҷалолов ба ҳалокат расид.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода хабар дод, фавтида ҳамсар ва як фарзанди хурдсол доштааст.

Ба гуфтаи ӯ, Эҳсонҷон Ҷалолов панҷ сол пеш омӯзишгоҳи ҳарбии халабониро дар Русия хатм карда, дарҳол баъди хатми он дар сафҳои Нерӯҳои низомии ҳавоии Вазорати мудофиа ба хизмат оғоз кардаааст ва ӯро ҳамчун мутахассиси соҳибтаҷриба ва ояндадор медонистаанд.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон,  садамаи нақлиёт дар рӯ ба рӯи бозори "Мадад” рух дода, автомашинаи тамғаи "Тойота ЛК-200”, мутааллиқ ба Низомиддин Асоеви 32-сола, сокини шаҳри Ҳисор ба автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс” таҳти идораи Эҳсонҷон Ҷалолови 27-сола, сокини пойтахт бармехӯрад.

Гуфта мешавад, дар натиҷа ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс Эҳсонҷон Ҷалолов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Қобили зикр аст, ки падари халабони ҳалокшуда Рафиқҷон Ҷалолов низ халабони ҳарбӣ буд ва собиқадори Вазорати мудофиаи Тоҷикистон мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё ҷойи дуюм шуд. Ҷудокорони тоҷик бо 5 медал бармегарданд

Паҳлавонони тоҷик дар ин мусобиқот 2 нишони тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаро “eDonish” дар рафту омади хонанда ва баҳогузорӣ хато мекунад? “Шаҳри ҳушманд” шарҳ дод

Волидайни хонандаҳо аз кори носаҳеҳи барномаи рақамии таълимӣ шикоят мекунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 70

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.