Рейтинги кредитии Тоҷикистон дар сатҳи рушди устувор арзёбӣ шуд

Ширкати рейтингии байналмилалии «Standard and Poors” рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар дараҷаи “B-3, рушди устувор (B-3, Outlook Stable)” баҳогузорӣ намуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ҳисоботи мазкур дар сомонаи ширкати "Standard and Poors” нашр гардид. Ширкати мазкур рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд. Рейтинги кредитии мамлакат нишондиҳандаи молиявӣ барои сармоягузорони коғазҳои қиматнок (вомбаргҳо) […]

Asia-Plus

Ширкати рейтингии байналмилалии «Standard and Poors” рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро дар дараҷаи “B-3, рушди устувор (B-3, Outlook Stable)” баҳогузорӣ намуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), ҳисоботи мазкур дар сомонаи ширкати "Standard and Poors” нашр гардид. Ширкати мазкур рушди устувори иқтисодиёти Тоҷикистонро пешбинӣ менамояд.

Рейтинги кредитии мамлакат нишондиҳандаи молиявӣ барои сармоягузорони коғазҳои қиматнок (вомбаргҳо) ба ҳисоб рафта, василаи муқаррарии молиявӣ барои муайян кардани дараҷаи эътибори вомбаргҳои ин ё он ширкат, корпоратсия ё ҳатто ин ё он давлат мебошад, ки вобаста ба сатҳи эътимод аз ҷониби агентиҳои бонуфуз бо ҳуруфи “А”, “В” ва “С” ишора мешавад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи дастуру тавсияҳои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор шуда буд, ки дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъалаи рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Тоҷикистонро бо агентиҳои рейтингии байналмилалӣ муайян намояд.

Интишори натиҷаҳои баҳодиҳии рейтинги кредитии соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз талаботҳои асосии ворид шудан ба бозорҳои байналмилалии сармоя ба шумор рафта, дар рушди сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, бонкҳои сармоягузорӣ ва шарикони рушд нақши мусбат дошта метавонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.