Тақдими грантҳои Бонки Эсхата бо ҳузури наздики 200 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ

Санаи 30 августи соли ҷорӣ дар хоҷагии деҳқонии Абураҳим Ҷумаеви ноҳияи Б.Гафуров рӯзи дарҳои кушод бо иштироки наздик 200 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони Мақомотҳои иҷроияи вилояту ноҳия, бонкҳо ва соҳибкорон баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии соҳибкороне, ки дар ин самт кору фаъолият мебаранд ташкил шуда, Бонки Эсхата дар […]

Иттилоияи расмӣ

Санаи 30 августи соли ҷорӣ дар хоҷагии деҳқонии Абураҳим Ҷумаеви ноҳияи Б.Гафуров рӯзи дарҳои кушод бо иштироки наздик 200 нафар раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, намояндагони Мақомотҳои иҷроияи вилояту ноҳия, бонкҳо ва соҳибкорон баргузор гардид.

Чорабинии мазкур бо мақсади рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии соҳибкороне, ки дар ин самт кору фаъолият мебаранд ташкил шуда, Бонки Эсхата дар ҳамкорӣ бо Бонки Аврупоии Рушду Таҷдид «Лоиҳаи баланд бардоштани рақобатпазирии агробизнес дар Тоҷикистон (ECTAP)»- роҳандозӣ карда истодааст.

Дар чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Б.Гафуров Хомидчон Хакимбоев, сардори шуъбаи сиесати техники ва рушди инфрасохтори Вазорати кишоварзӣ Абдукодир Сохибов, намояндагони лоиҳаи ECTAP Катя Гёртз- менеҷери лоиҳа, Усмонқул Ботуров- муовини роҳбари лоиҳа ва хамохангсоз оид ба рушди қарзхои соҳаи кишоварзии ҶСК «Бонки Эсхата» Алиҷон Сулейманов баромад карда дар бораи лоиҳа, имконияти гирифтани техника ва таҷҳизотҳои хоҷагии қишлоқ тариқи хатти қарзии Бонки Эсхата сухан карданд. Инчунин баромадкунандагон қайд карданд, ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳа хоҷагиҳои деҳқонӣ ва шахсони инфиродӣ қарзҳои дастрасро барои рушди соҳаҳои сабзавоткорӣ, растанипарварӣ, боғу токпарварӣ, асалпарварӣ, чорводорӣ ва таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти гуштиву ширӣ  гирифта метавонанд.

Лаҳзаи муҳиму хотирмони чорабинӣ – ин гирифтани гранти бебозгашт дар ҳаҷми 20% аз андозаи қарз, ки барои мизоҷони Бонки Эсхата, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Аврупоии Рушду Таҷдид пешбини шуда, дар рафти чорабини супорида шудааст, маҳсуб меебад. Ҳамин тариқ мизоҷ Шухрат Худойбердиев ва Ғайрат Мустафоев аз н.Ҷ.Расулов ва Ҷумаъабой Бобоев аз н. Мастчоҳ соҳиби гранти бебозгашт шуданд.

«Бо гирифтани қарз ман умед надоштам, ки соҳиби гранти бебозгашт мегардам. Танҳо дар доираи лоиҳаи ECTAP аз Бонки Эсхата қарз гирифта, онро мақсаднок истифода намудам. Боварӣ дорам, ки ин кӯмаки бебозгашт барои рушди хоҷагии қишлоқ такони ҷиддӣ хоҳад гардид” –қайд намуд Ғ. Мустафоев.

Боиси қайд аст, ки санаи 28 август мизоҷони ФҶСК «Бонки Эсхата» дар шахри Вахдат Барзу Шарипов, Чалол Одинаев ва Махмасаид Ибрагимов низ соҳиби ана ҳамин гуна кумаки бебозгашт гардиданд, ки грант аз тарафи рохбарияти филиали бонк ба мизочон супорида шуд. Қаблан боз ба ду нафар мизоҷони бонк аз вилояти Хатлон низ кумаки бебозгашт тақдим гардид, ки қаблан маводи алоҳидаро ба ин мавзуъ бахшида будем.

Хотиррасон мекунем, ки лоиҳаи ECTAP дар якҷоягӣ бо БАРТ ва Бонки Эсхата  31 декабри соли 2016 оғоз гардида, маблаги умумии лоиҳа 5000 000 евро-ро ташкил медиҳад. Маблағгузори лоиҳаи ECTAP – Иттиҳоди Аврупо мебошад. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ