«Бенгалуру» ҳарифи «Истиқлол» дар бозии финалии байниминтақавии Ҷоми КФО

Date:

Дар вохӯрии финалии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо иштирокчии вохӯрии финалии соли гуштаи Ҷоми КФО – тими «Бенгалуру»-и Ҳиндустон бозӣ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», бозии аввал санаи 27 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ва вохӯрии ҷавобӣ санаи 18 октябр дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор мешавад.

Дар бозии ҷавобии даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми КФО вохӯрӣ миёни дастаҳои «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) ва «Бенгалуру» мусовӣ – 0 бар 0 анҷом ёфта, чун дар бозии аввал футболбозони ҳиндустонӣ бо ҳисоби 3 бар 0 дастболо шуда буданд, ба даври дигари мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои финалии минтақаи Ғарб тимҳои «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ бо ҳам рақобат мекунанд. Вохӯриҳо рӯзҳои 12 ва 26 сентябр баргузор мешаванд.

Вохӯрии финалии Ҷоми КФО-2017 санаи 4 ноябр барпо мешавад. Дар сурати ба бозии финалӣ роҳ ёфтани «Истиқлол», вохӯрии ҳалкунанда дар Тоҷикистон доир мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...