«Бенгалуру» ҳарифи «Истиқлол» дар бозии финалии байниминтақавии Ҷоми КФО

Дар вохӯрии финалии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо иштирокчии вохӯрии финалии соли гуштаи Ҷоми КФО – тими «Бенгалуру»-и Ҳиндустон бозӣ мекунад. Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», бозии аввал санаи 27 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ва вохӯрии ҷавобӣ санаи 18 октябр дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор мешавад. […]

Дар вохӯрии финалии байниминтақавии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё, КФО)-2017 дастаи «Истиқлол»-и Душанбе бо иштирокчии вохӯрии финалии соли гуштаи Ҷоми КФО – тими «Бенгалуру»-и Ҳиндустон бозӣ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол», бозии аввал санаи 27 сентябр дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор ва вохӯрии ҷавобӣ санаи 18 октябр дар шаҳри Бангалори Ҳиндустон баргузор мешавад.

Дар бозии ҷавобии даври ниманиҳоии байниминтақавии Ҷоми КФО вохӯрӣ миёни дастаҳои «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) ва «Бенгалуру» мусовӣ – 0 бар 0 анҷом ёфта, чун дар бозии аввал футболбозони ҳиндустонӣ бо ҳисоби 3 бар 0 дастболо шуда буданд, ба даври дигари мусобиқа роҳ ёфтанд.

Дар бозиҳои финалии минтақаи Ғарб тимҳои «Ал-Ваҳда»-и Сурия ва «Эйр-Форс»-и Ироқ бо ҳам рақобат мекунанд. Вохӯриҳо рӯзҳои 12 ва 26 сентябр баргузор мешаванд.

Вохӯрии финалии Ҷоми КФО-2017 санаи 4 ноябр барпо мешавад. Дар сурати ба бозии финалӣ роҳ ёфтани «Истиқлол», вохӯрии ҳалкунанда дар Тоҷикистон доир мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.