Тартиби баргузории маросими азодорӣ ва таъзия муайян шуд

Кумитаи дин дар ҳамдастӣ бо Шӯрои уламо ва Маркази исломшиносии ҷумҳурӣ тартиби баргузории маросими азодорӣ ва таъзияро муайян кард. Дастури муфассали баргузор намудани ин маросимҳо таҳти унвони «Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Тоҷикистон» бо теъдоди ним миллион нусха дар матбааи Душанбе ба нашр расид. Мувофиқи он, маросими азодориву таъзия дар ҷумҳурӣ бояд тибқи шариати […]

Asia-Plus

Кумитаи дин дар ҳамдастӣ бо Шӯрои уламо ва Маркази исломшиносии ҷумҳурӣ тартиби баргузории маросими азодорӣ ва таъзияро муайян кард.

Дастури муфассали баргузор намудани ин маросимҳо таҳти унвони «Тартиби маросими азодорӣ ва таъзия дар Тоҷикистон» бо теъдоди ним миллион нусха дар матбааи Душанбе ба нашр расид.

Мувофиқи он, маросими азодориву таъзия дар ҷумҳурӣ бояд тибқи шариати мазҳаби ҳанафӣ, анъана ва маросимҳои ҳамаи халқҳои маҳаллӣ ва халқиятҳои Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон гузаронида шаванд.

Дар дастур доир ба вақти гузаронидани ҷаноза бо назардошти намозҳои панҷгонаи рӯз, тарзи пардохти ҳақмузди гӯрканон, омода кардани ҷасади марҳум барои ба хок супурдан, шустушӯйи он, тарзи гузоштани майит ба тобут, гиряву нола дар сӯгвории марҳум, чӣ гуна либос пӯшидани наздикони марҳум, ҳузури чӣ гуна касон дар хонаи фавтида, чӣ гуна сарулибос ба бар кардани хешовандону наздикони марҳум ва ғайра муфассал ва ҳамаҷониба маълумот пешкаш мешавад.

Мувофиқи қоидаҳо намози ҷаноза аз ҷониби имомхатибони расмӣ хонда шуда, истифодаи микрофон дар маросими дафну азодорӣ ва зиёд нишастан дар хонаи марҳум баъди ҷаноза барои изҳори таслият манъ шудааст.

Ҳамаи маросимҳои дафну азодорӣ, аз ҷумла маросими «се», «чил» ва «сол» бояд бидуни забҳи чорво ва додани таом баргузор карда шаванд. Баргузории дигар маросимҳо, аз қабили «панҷ», «ҷумъагӣ», «шаби ҳафт», «шаби нуҳ», «рӯзи чил», «душанбегӣ», «ҷумъагӣ» навгонӣ шуморида шуда, баргузории онҳо манъ аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио