Дар Ӯзбекистон омӯзгорон ба пахтачинӣ сафарбар мешаванд

Омӯзгорони мактабҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва мураббиёни боғчаҳои вилоятҳои Самарқанд, Тошканд, Қашқадарё ва Ҷиззахи Ӯзбекистон ба ҷамъоварии пахта сафарбар шуданд. Соҳибкорон шикоят доранд, ки аз онҳо барои нарафтанашон ба пахтазорҳо пул меситонанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, яке аз ин омӯзгорон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, муаллимони мактаби онҳоро ба даҳ гуруҳ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Омӯзгорони мактабҳо, литсейҳо, коллеҷҳо ва мураббиёни боғчаҳои вилоятҳои Самарқанд, Тошканд, Қашқадарё ва Ҷиззахи Ӯзбекистон ба ҷамъоварии пахта сафарбар шуданд. Соҳибкорон шикоят доранд, ки аз онҳо барои нарафтанашон ба пахтазорҳо пул меситонанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, яке аз ин омӯзгорон ба шарти ифшо нашудани номаш гуфтааст, муаллимони мактаби онҳоро ба даҳ гуруҳ тақсим кардаанд ва ҳар гуруҳ ба навбат барои даҳ рӯз ба пахтачинӣ хоҳад рафт.

"Гуруҳи аввал субҳи имрӯз ба пахтазори ноҳияҳои Зафаробод ва Зомин сафарбар шуданд. Шаб ҳам онҷо мемонанд. Миёни онҳо занони то 50-55-сола низ ҳастанд, ки бо таксиҳои маҳаллӣ созиш кардаанд. Ҳар субҳ онҳоро ба пахтазор мебаранд ва шом бармегардонанд. Онҳо аз ҳисоби худ рӯзона барои роҳпӯлӣ 5-10 ҳазор сӯм харҷ мекунанд", – афзуд ӯ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар боғчаҳои ноҳияи Зомин аз ҳар гуруҳ як мураббигиро мегузоранд ва боқӣ ба пахтазорҳо сафарбар хоҳанд шуд.

"Моро монанди соли гузашта маҷбур карданд, забонхат бинависем, ки бо хоҳиши худ пахтачинӣ меравем. Зеро чанде пеш мақомот ваъда дода буданд, ки дигар коргаронро иҷборан ба пахтачинӣ намебаранд. Ин ваъда куҷо шуд?! Ҳама чиз мисли пешин аст. Ягон чиз тағйир наёфтааст", – гуфт як омӯзгор аз Ҷизах.

Соҳибкорони ӯзбек мегӯянд, кормандони ҳукуматҳои маҳал ба бозорҳо омада, дар сурати нарафтанашон ба пахтачинӣ аз онҳо пул талаб хоҳанд кард.

"Ба мо гуфтанд, ё пахтачинӣ меравед, ё 300-350 ҳазор сӯмӣ (ҳудуди 37-43 доллари ИМА) медиҳед. Мо наметавонем, савдоро гузошта, пахтачинӣ равем. Бинобар ин, пул медиҳем. Чанде пеш ман 300 ҳазор сӯм додам", – гуфт як соҳибкор аз Самарқанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.