Шаш медали варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали Бозиҳои 5-уми Осиё дар Ашқобод

Дар рӯзи аввали Бозиҳои Осиё 5-уми дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод мусобиқот оид ба ҷиу-ҷитсу (сабқатҳои омехта) ва гуштини камарбандӣ (тарзи озод) баргузор шуд, ки варзишгарони мо соҳиби 6 медали биринҷӣ гардиданд. Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар намуди ҷиу-ҷитсу ду ҷуфти варзишгарони тоҷик – Фирдавс Шарипов/Фирдавс Абдуманопов […]

Маркази матбуоти КМО Тоҷикистон

Дар рӯзи аввали Бозиҳои Осиё 5-уми дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Ашқобод мусобиқот оид ба ҷиу-ҷитсу (сабқатҳои омехта) ва гуштини камарбандӣ (тарзи озод) баргузор шуд, ки варзишгарони мо соҳиби 6 медали биринҷӣ гардиданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар намуди ҷиу-ҷитсу ду ҷуфти варзишгарони тоҷик – Фирдавс Шарипов/Фирдавс Абдуманопов (миёни мардон) ва Нигора Юсупова/Фирдавс Абдуманопов (ҷуфти омехта) сазоҷори ҷои сеюм шуданд.

Гуфта мешавад, 4 медали дигарро варзишгарони мо дар намуди гуштини камарбандӣ ба даст оварданд: Самандар Эрназаров (+100 кг), Фаридун Қурбонов (-57 кг), Наврӯззода Анушервон (-90 кг) ва Маматқулов Абдураҳмон (-100 кг).

Дар вазни +100 кг 10 варзишгар аз 8 давлат ширкат намуданд. Самандар дар сабқати аввал бар варзишгари покистонӣ Басит Муҳаммад, дар сабқати дуюм бар Одилҷон Суюунови узбекистонӣ ғолиб омада, сипас аз Аннамурат Муратов, варзишгари туркманистонӣ, ки ҷои дуюмро сазовор шуд, мағлуб гашт. Ҷои аввалро дар ин вазн намояндаи дигари Туркманистон Раҷабалӣ Оразалиев сазовор шуд. Пуревбаатар Гонгори муғулистонӣ низ медали биринҷӣ ба даст овард.

Дар вазни -100 кило бошад, 7 варзишгар аз 5 давлат миёни ҳам сабқат карданд. Абдураҳмон Маматқулов, ки дар даври аввал озод буд, дар сабқати дуюм аз намояндаи мизбон Басим Аязов, ки ҷои дуюмро сазовор шуд, шикаст хурд. Медали тиллоро намояндаи дигари кишвари мизбон Сейдӣ Батиров сазовор гашт. Медали дигари биринҷӣ насиби Исломҷон Кулдошеви узбекистонӣ шуд.

Дар вазни -57 кг низ 7 варзишгар аз 6 давлат ширкат намуданд. Фаридун дар сабқати аввал бар намояндаи Эрон Қосим Наврӯзӣ пирӯз шуда, дар даври дуюм аз варзишгари туркман Аланур Гошов, ки ғолиби ин вазн шуд, шикаст хурд. Медали нуқраро дар ин вазн Ёқубназар Ёқубов – варзишгари мизбон, медали дигари биринҷиро Алвин Лобрегуитои филиппинӣ ба даст оварданд.

Дар вазни -90 кг 8 варзишгар аз 6 давлат рақобат карданд. Варзишгари тоҷик Анушервон Наврӯззода дар сабқати аввал варзишгари узбекистонӣ Абдуқаҳҳор Эгамовро мағлуб карда, дар сабқати дуюм аз варзишгари туркман Овезгелдӣ Бердиев, ки сазовори ҷои дуюм шуд, шикаст хурд. Медали тиллоро дар вазни -90 кг варзишгари узбекистонӣ Обидалӣ Мавлонов ба даст овард. Медали дигари биринҷӣ насиби варзишгари мизбон Арслан Ибрайимгулиев гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.