Сайёҳи велосипедрони ӯзбекистонӣ ба Тоҷикистон омад

Як сайёҳи велосипедрони ӯзбекистонӣ ба Душанбе омад. Роҳбари ансамбли ӯзбекии «Регистон» Хурсанд Шерови 59-сола бо велосипед аз кишварҳои Роҳи бузурги абрешим боздид мекунад. «Ман ба хонаам омадам, – гуфт ӯ ба хабарнигори «Азия-Плюс» — Ман зодаи шаҳри Турсунзодаам. Замони шӯравӣ дар Тошканд таҳсил карда, ҳамон ҷо дар кор мондам. Аз рӯи ихтисос овозхони операам. Ба велосипедронӣ […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Як сайёҳи велосипедрони ӯзбекистонӣ ба Душанбе омад. Роҳбари ансамбли ӯзбекии «Регистон» Хурсанд Шерови 59-сола бо велосипед аз кишварҳои Роҳи бузурги абрешим боздид мекунад.

«Ман ба хонаам омадам, – гуфт ӯ ба хабарнигори «Азия-Плюс» — Ман зодаи шаҳри Турсунзодаам. Замони шӯравӣ дар Тошканд таҳсил карда, ҳамон ҷо дар кор мондам. Аз рӯи ихтисос овозхони операам. Ба велосипедронӣ аз соли 2008 шурӯъ намуда, аз соли 2013 ба сайру саёҳат оғоз кардам».

Ин сайру саёҳат бо велосипедро ӯ ба гиромидошти хотири ҳунарманд Муслим Магомаев анҷом медиҳад.

«Ман аз Маскав мустақиман ба Тоҷикистон омадам, – иброз дошт Шеров. – Ман кайҳо боз орзуи сафар ба Тоҷикистонро доштам ва ҳатто чандин маротиба назди сарҳад ҳам омада будам, вале ба убури он ва расидан ба дидору ёру дӯстон имкон надоштам», – мегӯяд ӯ.

Хурсанд Шеров аз беҳтар шудани муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки ба туфайли он боздид аз ватани таърихиаш муяссар гардид, хел шоду мамнун аст.

Дар марз Хурсанд Шеровро ҳамдеҳагону хешовандон ва дӯстонаш пешвоз гирифтанд. Ӯ ба мактаби хатмкардааш омада, консерти хурде баргузор намуд.

Имсол хатсайри Хурсанд Шеров бо масофаи 5 ҳазору 400 километр масири Роҳи бузурги абрешимро дар бар мегирад. Ҳамарӯза ӯ 250-300 километр масофаро тай мекунад. Бо ҳаловат аз табиати Тоҷикистон ӯ тамоми роҳ сурудхонӣ карда, таваҷҷуҳи мусофирону ронандагонро ба худ ҷалб мекунад. Дар Тоҷикистон ӯро ҳамсинфаш Актамҷон, сокини шаҳри Турсунзода ҳамроҳӣ мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио