Боздошти даҳҳо нафар муҳоҷирон баъди муноқиша дар маркази савдои «Москва»

Шоми рӯзи чоршанбе мақомоти пулис беш аз 50 нафарро назди маркази савдои «Москва» дар пойтахти Русия боздошт намуд. Сабаби ҷамъшавии муҳоҷирон назди маркази савдо лату кӯби муҳоҷири машғул ба боркашӣ дар марказ буда, ҳамватанони ӯ бо посбонон ин масъаларо ба миён гузоштанӣ будаанд, вале аз ҷониби мақомоти боздошт шудаанд. Як манбаи «Интерфакс» хабар додааст, ки […]

Asia-Plus

Шоми рӯзи чоршанбе мақомоти пулис беш аз 50 нафарро назди маркази савдои «Москва» дар пойтахти Русия боздошт намуд.

Сабаби ҷамъшавии муҳоҷирон назди маркази савдо лату кӯби муҳоҷири машғул ба боркашӣ дар марказ буда, ҳамватанони ӯ бо посбонон ин масъаларо ба миён гузоштанӣ будаанд, вале аз ҷониби мақомоти боздошт шудаанд.

Як манбаи «Интерфакс» хабар додааст, ки тибқи маълумоти гуногун, дар ин муноқиша иштироки то 150 нафар муҳоҷирон тарҳрезӣ шуда будааст.

Ба гуфтаи манбаъ, рӯзи сешанбе посбонони марказ як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки дар ин фурӯшгоҳ кор мекардааст, лату кӯб намуда, ӯ дар бемористон бистарӣ шудааст. Баъдан ҳудуди 150 нафар назди даромадгоҳи марказ ҷамъ шуда, бо посбонон муноқиша карданӣ мешаванд.

Президенти Федератсияи муҳоҷирони ИДМ барои ҳуқуқҳои корӣ ва иҷтимоӣ Каромат Шарипов ба шабакаи телевизионии «Дождь» дар ин робита изҳор намудааст, ки посбонон бо сабабҳои номаълум шаҳрванди Тоҷикистонро лату кӯб ва сипас «ба матои сафед печонида, аз қаламрави бозор берун мепартоянд».

«Коргарон талаб карданд, ки ҷинояткор ҷазо дода шавад. Ба ҷойи муҷозоти ҷинояткор, боздошт ва лату кӯби одамон оғоз шуд. Онҳоро ба шуъбаи «Люблино» бурданд, он ҷо ҳудуди 200 нафар ҳамдиёрони мо қарор доранд», – қайд кардааст Шарипов.

https://www.youtube.com/watch?v=95EfF3XAR7c

Дар ҳамин ҳод, бино ба маълумоти сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, нирӯҳои ОМОН ва СОБР шаби 20 сентябр дар назди фурӯшгоҳи "Москва” дар минтақаи Люблинои шаҳри Маскав ҳудуди 100 тоҷикро дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, муҳоҷирони тоҷик дар инҷо ҷамъ шуда, аз маъмурияти бозор ба ҷавобгарӣ кашидани қотилони аробакаши тоҷик Наврӯз Каримовро талаб доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст