Ихроҷи 5 донишҷӯи бо мошин ба дарс ҳозиршуда

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 5 нафар донишҷӯёнеро ошкор кард, ки бо автомашинаи шахсиашон ба дарс ҳозир шуда буданд. Тибқи қонун, ба онҳо хориҷшавӣ аз мактабҳои олӣ таҳдид мекунад. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин рейд давоми рӯзҳои 16-19 сентяьбр гузаронида шудааст. Дар рӯйхати қонуншиканон Ёсир Мирзоев, донишҷӯи  бахши 3-юми Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон (автомашинаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 5 нафар донишҷӯёнеро ошкор кард, ки бо автомашинаи шахсиашон ба дарс ҳозир шуда буданд. Тибқи қонун, ба онҳо хориҷшавӣ аз мактабҳои олӣ таҳдид мекунад.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, ин рейд давоми рӯзҳои 16-19 сентяьбр гузаронида шудааст.

Дар рӯйхати қонуншиканон Ёсир Мирзоев, донишҷӯи  бахши 3-юми Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон (автомашинаи Тойота-Кемри), Қурбоналӣ Кенҷаев, донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон (ДЭУ-Нексия), Иқболшо Бобохонов, Донишҷӯи бахши 3-юми Донишгоҳи давлатии тиҷоратии Тоҷикистон (Мерседес-Бенс), ҳамкурси ӯ Кишвар Қандов (Опел-Астра) ва Асланҷони Ганҷалзода, донишҷӯи бахши 2-юми Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе (Опел-Астра) ҳузур доранд.

Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон ба хонандагони мактаб ва донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ба дарс бо автомашинаи шахсӣ омадан қатъиян манъ аст. Чунин тағйирот ба қонунгузориро парлумон тобистони ҳамин сол қабул кард.

Он замон зимни шарҳи тағйиру иловаҳо ба ин қонун дар парлумон вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид ба вакилон изҳор намуд, ки барои чунин қонуншиканӣ донишҷӯён аз макотиби олӣ ба муҳлати се сол ва толибилмони коллеҷу омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва мактабҳо ба муддати як сол аз муассисаҳо хориҷ карда мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.