Корҳои безараргардонии иншооти урандори Тоҷикистонро ИА маблағгузорӣ мекунад

Агентии байнулмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ҳамроҳ бо Комиссияи Аврупо, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва ҳамчунин як қатор дигар шарикон талош хоҳанд варзид, то ки иншооти партовҳои уран дар минтақаи Осиёи Марказиро безарар гардонанд. Дар ҳошияи иҷлосияи 61-уми Конфронси генералии МАГАТЭ дар Вена дар ин хусус созишнома ба имзо расид. «Истихроҷ ва истеҳсоли уран дар кишварҳои […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Агентии байнулмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) ҳамроҳ бо Комиссияи Аврупо, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва ҳамчунин як қатор дигар шарикон талош хоҳанд варзид, то ки иншооти партовҳои уран дар минтақаи Осиёи Марказиро безарар гардонанд. Дар ҳошияи иҷлосияи 61-уми Конфронси генералии МАГАТЭ дар Вена дар ин хусус созишнома ба имзо расид.

«Истихроҷ ва истеҳсоли уран дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз нимаи солҳои 40 то солҳои 90-уми асри гузашта сурат гирифта, он замон на ҳамеша аз бехатар гӯронидани партовҳои ин ҷараён фикр мекарданд. Дар натиҷа маводи радиоактивӣ ва токсикӣ (заҳрнок), ҳамчунин конҳо ва иншооти зербино имрӯз барои муҳити зист ва солимии аҳолӣ хатар доранд», – хабар медиҳад Маркази иттилооти СММ.

Ба иттилои манбаъ, дар созишнома тадбирҳои мунтазаму пурсамар ва сарфакорона оид ба безарар гардонидани чунин иншоот пешбинӣ шудааст. Дар маросими имзои созишнома дар Вена намояндагони Тоҷикистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳузур доштанд.

«Талошҳои мо ба ҳифзи муҳити зист ва вазъи солимии наслҳои имрӯз ва ояндаи сокинони маҳаллӣ нигаронида шудааст», – гуфтааст зимни суханронӣ муовини директори генералии МАГАТЭ Хуан Карлос Лентихо.

Зимнан зикр мегардад, ки маблағгузорӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаи мазкурро Иттиҳоди Аврупо (ИА) ба дӯш гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.