Нигаронии ҳомиёни ҳуқуқ аз поймолшавии ҳуқуқҳои шаҳрвандони боздоштшудаи Тоҷикистон

Аз рӯи далели муноқиша назди маркази савдои «Москва» дар пойтахти Русия мақомоти пулиси ин кишвар мутобиқи модадҳои 116 (Лату кӯб) ва 213 (Авбошӣ)-и Кодекси ҷиноии Русия 2 парвандаи ҷиноӣ боз карданд. Қобили зикр аст, ки баъди анҷоми муноқиша кормандони пулис ба боздошти оммавӣ ва ба шуъба фиристодани муҳоҷирон оғоз карданд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ […]

Asia-Plus

Аз рӯи далели муноқиша назди маркази савдои «Москва» дар пойтахти Русия мақомоти пулиси ин кишвар мутобиқи модадҳои 116 (Лату кӯб) ва 213 (Авбошӣ)-и Кодекси ҷиноии Русия 2 парвандаи ҷиноӣ боз карданд.

Қобили зикр аст, ки баъди анҷоми муноқиша кормандони пулис ба боздошти оммавӣ ва ба шуъба фиристодани муҳоҷирон оғоз карданд. Сафорати Тоҷикистон дар Русия иттилоъ дода буд, боз 14 нафар дар боздоштгоҳ боқӣ мондаанд.

Дар ҳамин ҳол, ҳомиёни ҳуқуқи Русия аз як қатор ҳолатҳои поймолшавии ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистон зимни боздошт ва муносибат дар шуъбаи пулиси «Люблино» ҳарф мезананд.

Муовини раиси Шӯрои назди президенти Русия оид ба рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи инсон Евгений Бобров ба хабаргузории ТАСС гуфтааст, Шӯро ба ВКД Русия бо дархости санҷиши ҳодисаи лату кӯби шаҳрванди Тоҷикистон дар маркази савдои «Москва» ва боздошти оммавии шаҳрвандони ин кишвар дар пайи он, ҳамчунин пешниҳоди маълумот аз рӯи натиҷаҳои санҷиш муроҷиат кардааст.

Дар навбати худ узви Комиссияи ҷамъиятии нозироти Маскав Денис Набиуллин ба ТАСС хабар додааст, ки ҳомиёни ҳуқуқ ҳолати риояи ҳуқуқи шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ВКД «Люблино» мавриди санҷиш қарор додаанд.

«Зимни санҷиш ошкор шуд, ки ВКД аз меъёр зиёд пур буда, 22 нафар аллакай 1 шабонарӯз он ҷо бидуни таъмин бо ғизо нигаҳдорӣ мешаванд ва боз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо сабаби дар камераҳо ҷой набудан, дар бинои худи шуъба қарор доранд», – иброз доштааст узви Комиссия.

Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудагон изҳор кардаанд, ки ба муноқишаи назди маркази савдо ҳеҷ муносибате надошта, дар бозори «Садовод», ки фурӯшандагӣ мекунанд, боздошт шудаанд ва кормандони пулис онҳоро танҳо барои доштани шиносномаи Тоҷикистон дастгир кардаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио