Эмомалӣ Раҳмон бо соҳибкорони ватанӣ мулоқот мекунад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 октябр бо соҳибкорону тоҷирони ватанӣ мулоқот мекунад. Ба соҳибкорону тоҷирон таҳияи ақидаву пешниҳодҳо барои вохӯрӣ тавсия дода мешавад. Ин вохӯрии Сарвари давлат маъмулан дар остонаи ҷашни Рӯзи соҳибкорон доир мегардад, ки ҳамасола санаи 14 октябр таҷлил мегардад. Зимни мулоқоти мазкур масоили муҳими мавриди таваҷҷуҳи соҳибкорону тоҷирони кишвар мавриди баррасӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 октябр бо соҳибкорону тоҷирони ватанӣ мулоқот мекунад. Ба соҳибкорону тоҷирон таҳияи ақидаву пешниҳодҳо барои вохӯрӣ тавсия дода мешавад.

Ин вохӯрии Сарвари давлат маъмулан дар остонаи ҷашни Рӯзи соҳибкорон доир мегардад, ки ҳамасола санаи 14 октябр таҷлил мегардад. Зимни мулоқоти мазкур масоили муҳими мавриди таваҷҷуҳи соҳибкорону тоҷирони кишвар мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Дар робита ба ин вохӯрӣ Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва Шӯрои машваратии назди Президенти Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз соҳибкорону тоҷирони кишвар дархост кардаанд, ки пешниҳод ва фикру мулоҳизаҳои худро то 30 сентябри соли ҷорӣ ба онҳо ирсол намоянд.

Дар ин чорабинӣ баррасии масъалаҳои иқтисодӣ, аз ҷумла дар бахшҳои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, саноат, зербино ва ҳамчунин соҳаҳои молия ва бонкӣ дар назар аст.

Соли гузашта Эмомалӣ Раҳмон барои мулоқот бо соҳибкорону тоҷирон имкон надошт, зеро дар Ереван дар вохӯрии сарони кишварҳои узви СААД иштирок кард. Дар вохӯрии соли гузашта Сарвари давлатро сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода иваз кард.

Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ, айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор субъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.