Аксияи «Рӯзи бе автомобил» дар Душанбе дастгирӣ наёфт

Санаи 22 сентябр дар саросари дунё ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии бидуни автомобил ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯз ҳамаи соҳибони автомашинаҳои шахсӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха (велосипед) истифода мекунанд ё пиёда ба кор раҳсипор мешаванд. Дар Душанбе бошад, сафри назар аз ҳавои софу беғубор, дар бисёр кӯчаҳо танбашавии воситаҳои нақлиёт ба мушоҳида мерасид. Рӯзи бидуни автомобил […]

Asia-Plus

Санаи 22 сентябр дар саросари дунё ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии бидуни автомобил ҷашн гирифта мешавад.

Дар ин рӯз ҳамаи соҳибони автомашинаҳои шахсӣ аз нақлиёти ҷамъиятӣ, дучарха (велосипед) истифода мекунанд ё пиёда ба кор раҳсипор мешаванд. Дар Душанбе бошад, сафри назар аз ҳавои софу беғубор, дар бисёр кӯчаҳо танбашавии воситаҳои нақлиёт ба мушоҳида мерасид.

Рӯзи бидуни автомобил моро танҳо ба дар хона як рӯз гузоштани автомашина талқин намекунад, балки ҳадафи аслии чорабинӣ дар он ифода меёбад, ки мо дар консепсияи маъмулии ҳаракат дар мафкураамон тағйирот ворид созем, то ки барои рушди шаҳрҳое шароит фароҳам оварем, ки дар онҳо кору зиндагӣ ва истироҳат дар ҳамбастагӣ бо табиат ва ҳамдигар имкон дошта бошад.

Дар ҳеҷ кадоме аз шаҳрҳои Тоҷикистон аз ин иқдом ҷонибдорӣ нашуда, вале таҷрибаи Беларус намунаи ибрат шуда метавонад: дар 31 шаҳри ин кишвар ин иқдом дастгирӣ ёфта, ҳамаи соҳибони автомашинаҳои шахсӣ бо пешниҳоди шаҳодатномаи ронандагӣ ва шиносномаи техникии автомашинаашон метавонанд бепул аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунанд.

Соли 2000-ум шабакаи фаъолон ва ташкилотҳои Шабакаи ҷаҳонии ҳаракати бе автомобилҳо иқдоми нахустин Рӯзи байнулмилалии бе автомобилро баргузор намуд. Соли 2016 аксияи «Рӯзи бе автомобил» дар беш аз 2 ҳазор шаҳри 46 кишвари саросари ҷаҳон дастгирӣ ёфт.

Доир ба таъсири манфии нақлиёти автомобилӣ ба ҳама гуна мавҷудоти зинда аз маводи «Автоздоровье» бо суроғаи  http://project208678.tilda.ws/avtozdorove маълумоти бештар муфассал дарёфт карда метавонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.