Дар Сурия як генерали рус ҷони худро аз даст дод

Вазорати дифои Русия хабар дод, ки як генерали артиши ин кишвар, ки барои "анҷоми корҳои машваратдиҳӣ" ба артиш ва нерӯҳои давлатии Сурия дар он кишвар қарор дошт, дар ҷараёни даргирӣ, кушта шудааст. Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин баландпоятарин як мақоми низомии Русия аст, ки дар ҷараёни ҷанги Сурия кушта мешавад. Дар гузашта чанд афсари […]

Радиои Озодӣ

Вазорати дифои Русия хабар дод, ки як генерали артиши ин кишвар, ки барои "анҷоми корҳои машваратдиҳӣ" ба артиш ва нерӯҳои давлатии Сурия дар он кишвар қарор дошт, дар ҷараёни даргирӣ, кушта шудааст.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин баландпоятарин як мақоми низомии Русия аст, ки дар ҷараёни ҷанги Сурия кушта мешавад. Дар гузашта чанд афсари дигари Русия дар Сурия кушта шуда буданд.

Хабаргузории расмии "ТАСС" рӯзи якшанбеи 24-уми сентябр ба нақл аз вазорати дифои Русия гуфтааст, генерал-лейтенант Валерий Асапов "дар як маркази фармондеҳии артиши Сурия дар ҳоли ёри додан ба фармондеҳони суриягӣ, дар ҷараён амалиёт барои озодсозии Дайр Аз-Зур буд."

Русия яке аз ҳомиёни ҳукумати Сурия ба шумор меравад ва низомиёни рус аз нерӯҳои артиши режими Башор Асад дар ҷангҳои заминӣ ва ҳавоӣ, пуштибонӣ мекунанд.

Ба назар мерасад, марказе, ки генерал Асапов ва дигар мақомҳои низомӣ дар он ҳузур доштанд, ҳадафи ҳамла қарор гирифтааст. Он тавр, ки гуфта мешавад, ин афсари рус дар пайи партоби мушак аз сӯи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҷони худро аз даст додааст.

Хабаргузории "Интерфакс" навишт, ки генерал Асапов дар ҷараёни озодсозии Дайр Аз-Зур кушта шудааст. Вазорати дифои Русия гуфтааст, ба генерал Асапов медал тақдим хоҳад кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.