Тоҷикистон ғолиби Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол миёни сафоратҳо

Дар бозии финалӣ дастаи Тоҷикистон дар силсилаи зарбаҳои 11 метра бо ҳисоби 2 бар 1 дипломатҳои Колумбияро мағлуб кард. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 2 бар 2 анҷом ёфт. Бино ба иттилои Sport-express, мунтахаби Вазорати корҳои хориҷии Русия миёни 12 дастаи иштирокчӣ зинаи 5-умро ишғол намуд. Гуфта мешавад, ин мусобиқа дар майдони маҷмааи варзишии ба […]

Дар бозии финалӣ дастаи Тоҷикистон дар силсилаи зарбаҳои 11 метра бо ҳисоби 2 бар 1 дипломатҳои Колумбияро мағлуб кард. Вақти асосии бозӣ мусовӣ – 2 бар 2 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Sport-express, мунтахаби Вазорати корҳои хориҷии Русия миёни 12 дастаи иштирокчӣ зинаи 5-умро ишғол намуд.

Гуфта мешавад, ин мусобиқа дар майдони маҷмааи варзишии ба номи Эдуард Стрелтсов доир гардида, дар он ба ҷуз дипломатҳои Тоҷикистону Русия ва Колумбия, дастаҳои Боливия, Чин, Ироқ, Қазоқистон, Кувейт, Молдова, Муғулистон, Испания ва дастаи ширкати телевизионии «Мир» ширкат варзиданд.

Ба гуфтаи намояндаи расмии ВКХ Русия Мария Захарова, Чемпионат оид ба футбол байни сафоратҳо минбаъд имон дорад ба мусобиқаи доимӣ табдил ёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.