Муовини сарвазир омодагии ВМКБ-ро ба зимистон санҷид

Дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии ноҳияҳои ВМКБ ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола дар шаҳри Хоруғ муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим фаъолияти ситоди вилоятӣ ва ноҳияҳоро мавриди интиқод қарор дода, қайд кард, ки маълумоти омории онҳо аз ҳам тафовути зиёд доранд. Зикр гардид, ки сарфи назар аз моҳи сентябр ҷудо шудани воситаҳои зарурӣ барои […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба омодагии ноҳияҳои ВМКБ ба мавсими тирамоҳу зимистони имсола дар шаҳри Хоруғ муовини сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим фаъолияти ситоди вилоятӣ ва ноҳияҳоро мавриди интиқод қарор дода, қайд кард, ки маълумоти омории онҳо аз ҳам тафовути зиёд доранд.

Зикр гардид, ки сарфи назар аз моҳи сентябр ҷудо шудани воситаҳои зарурӣ барои харидории ангишт, имрӯз дар ВМКБ аз нақшаи пешбинишуда дар муассисаҳои соҳаи маориф – 84%, тандурустӣ – 68% ва фарҳанг – 85% ангишт захира шудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, муовини сарвазир аз фаъолияти кормандони идораҳои истифодаи роҳҳои вилоят низ интиқод карда, изҳор дошт, ки то имрӯз онҳо ҳамагӣ 21% аз нақшаи пешбинишуда сӯзишворӣ захира кардаанд.

Дар ҷаласа ҳамчунин қайд шуд, ки дар ВМКБ барои зимистонгузаронии чорво ба таври кофӣ ему хошок захира нагардида, дар ин робита муовини сарвазир дастур дод, ки то 15 октябр ин масъала ҳаллу фасл шавад.

Муовини сарвазир аз сатҳи рушди саноат дар ноҳияи Дарвоз қаноатмандӣ изҳор намуда, ба раисони ноҳияҳои Мурғобу Ишкошим дастур дод, ки ҷиҳати рушди ин бахши иқтисод тадбирҳои муассир рӯйи кор гиранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.