Боздошти корманди Вазорати рушди иқтисод ба гумони порагирӣ ба маблағи 500 ҳазор доллар

Ба гумони порагирӣ ба маблағи 500 ҳазор доллар сардори Раёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ боздошт шуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорат Аскар Нурализода зимни гирифтани маблаги пулӣ дар ҳаҷми 490 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби кормандони […]

Asia-Plus

Ба гумони порагирӣ ба маблағи 500 ҳазор доллар сардори Раёсати Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ боздошт шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, сардори Сарраёсат-сардори Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузориҳои Вазорат Аскар Нурализода зимни гирифтани маблаги пулӣ дар ҳаҷми 490 ҳазор доллари ИМА аз ҷониби кормандони Агентӣ дастгир шудааст.

Тибқи маълумоти Агентӣ, Нурализода ин маблағро аз сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (ному насабаш ҳанӯз маълум нест) гирифта, уҳдадор шудааст, ки барои ба Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020 ворид намудани лоиҳаи ташкил ва рушди соҳаи мурғпарварӣ дар ин ноҳия мусоидат мекунад.

«Дар ин замина барои мусоидат намудан барои ба номбурда ҷудо намудани маблағҳои грантӣ ба миқдори 10 млн. доллари ШМА, аз ӯ ба сифати пора 10% маблағи ҷудошаванда, яъне 1 млн. доллари ШМА талаб намудааст, ки мувофиқи маслиҳати тарафҳо,  маблағи 500 ҳазор доллар то иҷрои амали ваъдашуда ва қисми дигари он, маблағи 500 ҳазор доллари боқимонда баъди иҷрои ин амал ба Нурализода А.Ш. ба сифати пора дода мешуд», – омадааст дар маълумоти Агентӣ.

Гуфта мешавад, зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ аз манзили истиқоматӣ ва ҳуҷраи кории Нурализода А.Ҳ. дигар далелҳои шайъӣ, аз ҷумла аз манзили истиқоматияш, воқеъ дар нишонии шаҳри Душанбе кўчаи Шамсӣ хонаи 20/1 хуҷраи 11 маблағи 10 ҳазор доллари ШМА, ки қаблан барои ин амал гирифта буд, шартномаи саҳмгузорӣ барои манзили истиқоматӣ аз 22.08 соли 2017 ва расиди даромади хазинавии ба маблағи 115030 сомонӣ баробар ба 13222 доллари ШМА, ки ба хазинаи ширкати сохтмонӣ пардохт карда шудааст, ёфта гирифта шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати зикргардида нисбати Нурализода А.Ш. бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои «в,г» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.