Дастури президент оид ба таъсиси портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ чаро иҷро намешавад?

Дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ то 1 июли соли равон то ҳол иҷро нашудааст. Масъулони иҷрои дастур Бонки исломии рушдро гунаҳкор медонанд, зеро маҳз ҳамин бонк ваъда додааст, ки таҷҳизоти зарурии иттилоотиро ба Тоҷикистон меорад. «Бонки исломии рушд то имрӯз уҳдадории ба зимма гирифтааш дар мавриди таъмин бо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таъсиси портали интернетии маълумоти ҳуқуқӣ то 1 июли соли равон то ҳол иҷро нашудааст.

Масъулони иҷрои дастур Бонки исломии рушдро гунаҳкор медонанд, зеро маҳз ҳамин бонк ваъда додааст, ки таҷҳизоти зарурии иттилоотиро ба Тоҷикистон меорад.

«Бонки исломии рушд то имрӯз уҳдадории ба зимма гирифтааш дар мавриди таъмин бо технологияву барномаҳои марбут ба таъсиси сомонаро иҷро накардааст», – гуфт ба «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати қонунгузории Вазорати адлияи Тоҷикистон Мақсуд Низомӣ.

Ба гуфтаи ӯ, мувофиқи қарордоди ҳосилшуда миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд, барномаву технологияҳо барои таъсиси сомона аз ҳисоби Бонк таъмин карда мешаванд.

Ӯ аз ифшои маълумот дар бораи чӣ гуна воситаҳо ҷудо кардани Бонки исломии рушд ва кай ҳосил шудани қарордод дар ин бора худдорӣ варзида, лекин итминон дод, ки то охири сол портал мавриди истифода қарор мегирад.

Қобили зикр аст, ки дар Тоҷикистон айни замон ду сомонаи интернетӣ амал мекунанд, ки санадҳои ҳуқуқиро нашр мекунанд. Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ дар сомонаи www.mmk.tj тамоми қонуну кодексҳои аз ҷониби парлумон қабулшударо дар сомонаи худ ҷой медиҳад.

Дар сомонаи Вазорати адлия – www.adlia.tj тамоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ бо шумули қарорҳои ҳукумат ва фармонҳои президент дарҷ шудаанд, вале дастрасӣ ба матнҳои пурраи ҳуҷҷатҳо пулакӣ аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио