Терминалҳо сомониҳои навро қабул намекунанд. Чӣ бояд кард?

Дар Тоҷикистон мушкилоти марбут ба истифодаи пулҳои намунаи нав ба вуҷуд омад, ки аввали моҳи сентябр ба муомилот бароварда шуда ббуданд: терминалҳо пулҳои навро намешиносанд ва онҳро барои пардохт қабул намекунанд. Масалан, барои гузаронидани маблағ ба телефон пулҳои барориши соли 1999 лозим аст. Пулҳои навро терминалҳо бозпас бармегардонанд. Ахиран назди терминалҳо бо шахсоне дучор шудан […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон мушкилоти марбут ба истифодаи пулҳои намунаи нав ба вуҷуд омад, ки аввали моҳи сентябр ба муомилот бароварда шуда ббуданд: терминалҳо пулҳои навро намешиносанд ва онҳро барои пардохт қабул намекунанд.

Масалан, барои гузаронидани маблағ ба телефон пулҳои барориши соли 1999 лозим аст. Пулҳои навро терминалҳо бозпас бармегардонанд. Ахиран назди терминалҳо бо шахсоне дучор шудан мумкин аст, ки ивази пули нав ба кӯҳнаро дархост мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Бонки миллии ҷумҳурӣ хабар доданд, сабаби аз ҷониби терминалҳои қабул нашудан пулҳои намунаи нав ба унсурҳои ҳимоявии онҳо марбут аст. Дар БМТ итминон доданд, ки ин мушкилӣ муддати 2-3 ҳафтаи наздик бартараф мешавад.

Зикр гардид, ки намояндагони БМТ бо мутахсссисони соҳа ин масъаларо баррасӣ карда, хулоса шудааст, ки барои таъмини қабули пулҳои коғазӣ бо таркибҳои нави ҳимоявӣ, бояд кард-ридерҳои терминалҳо дубора барномарезӣ шавад, яъне ба барномаи ин дастгоҳҳо ворид кардани хусусияту нишондиҳандаҳои пулҳои нав зарур мебошад.

Ҳамчунин қайд шуд, ки мутахассисон аллакай машғули ин корҳо мебошанд, ки дар фурсати наздиктарин ба итмом хоҳад расид.

Ёдрас мекунем, ки аз 31 августи соли равон Бонки миллии пулҳои коғазии намунаи соли 2017-ро ба муомилот баровард. Пулҳои коғазии арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100 сомонӣ бо унсури иловагии ҳимоявӣ мавриди корбурд қарор гирифтанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио