Раҳоии тоҷикзан аз ғуломӣ дар Арабистони Саудӣ

Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон Нурбибӣ Мансурова, ки дар ин кишвар «дар шароити ғуломӣ» кор мекард, кумак карданд. Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, Нурбибӣ Мансурова гуфтааст, соли 2016 ба воситаи Ҳоҷӣ Искандар ном миёнараве ба доми ширкати "Имкон -2015” афтода, ба Арабистони Саудӣ фиристода шуд. Раиси ширкат Саидаҳмад Сангов […]

Asia-Plus

Намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ба шаҳрванди Тоҷикистон Нурбибӣ Мансурова, ки дар ин кишвар «дар шароити ғуломӣ» кор мекард, кумак карданд.

Бино ба иттилои сомонаи расонаи мустақили Akhbor.com, Нурбибӣ Мансурова гуфтааст, соли 2016 ба воситаи Ҳоҷӣ Искандар ном миёнараве ба доми ширкати "Имкон -2015” афтода, ба Арабистони Саудӣ фиристода шуд. Раиси ширкат Саидаҳмад Сангов ба Нурбибӣ гуфтааст, ки дар Арабистон зани пиреро парасторӣ мекунӣ ва ҳар моҳ 600 доллар маош хоҳӣ гирифт ва ҳар се моҳ метавонӣ як бор ба Ватан биоӣ. Ҳамчунин ба вай ваъда додаанд, ки баъди ду соли кор, тибқи қарордод, харҷи сафари Ҳаҷро ҳам барояш пардохт мекунанд.

Нурбибӣ изҳор доштааст, бехабар аз ин ки ин як ширкати одамфурӯшист, қарордодро имзо кард, вале вақте ба Арабистони Саудӣ омад, ӯро барои хидматгорӣ ба хонаи як араб супурданд. Корфармо аз рӯзи аввал муқаррароти бо Нурбибӣ имзошударо поймол мекунад ва ин зани тоҷикро ба мисли як ғулом кор мефармояд.

Нурбибӣ Мансурова занест, ки соли гузашта дар матбуоти Тоҷикистон ва хориҷӣ дар борааш ҳамчун модари серфарзанд як силсила мақолаҳо ба табъ расид. Ин зан 24 фарзанд таваллуд кардааст, ки аз онҳо 15 нафараш дар қайди ҳаётанд.

Аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор доштанд, ки чунин муроҷиатҳо айни замон хеле зиёданд ва аз ин рӯ, Вазорат ба прокуратура муроҷиат карда, дархост намудааст, ки масъалаи фаъолияти ширкатҳоеро, ки ба фиристодани шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба кишварҳои арабӣ машғуланд, мавриди санҷиш қарор диҳад.

Охири моҳи сентябр Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ нисбати роҳбарони 3 ширкате, ки ҷиҳати ба муҳоҷират ба Арабистони Саудӣ фиристодани тоҷикистониён машғул буданд, парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Вобаста ба ҳолати хариду фурӯши одамон бо мақсади суиистифодаи кор ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё расму одатҳои ба ғуломӣ ҳамшабеҳ аз ҷониби кормандони ширкатҳои «Ҷамол-2012», «Имкон-2015» ва «Абдулкарим» бо моддаи  1301 қисми 2 бандҳои «г» ва «ё»-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот  дар ин самт идома  дорад.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.