Душанбе ва Сеул масоили муҳоҷирати кориро баррасӣ карданд

Зимни вохӯрии муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Им Сон Нам масъалаи ҳарчи зудтар баимзорасии шарномаи байниҳукуматӣ дар бораи муҳоҷирати корӣ баррасӣ шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни мулоқот намояндаи Кореияи Ҷанубӣ изҳор доштааст, ки барои баррасии ин масъала ҳукумати кишвараш […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Зимни вохӯрии муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо муовини якуми вазири корҳои хориҷии Кореяи Ҷанубӣ Им Сон Нам масъалаи ҳарчи зудтар баимзорасии шарномаи байниҳукуматӣ дар бораи муҳоҷирати корӣ баррасӣ шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар ҷараёни мулоқот намояндаи Кореияи Ҷанубӣ изҳор доштааст, ки барои баррасии ин масъала ҳукумати кишвараш гурӯҳи корӣ таъсис дода, он ба омӯзиши лоиҳаи шартнома машғул аст.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон зикр кардааст, ки Душанбе ба ҷалби сармоя аз Сеул ба иқтисоди кишвар, ҳамчунин таъсиси корхонаҳои муштарак бо иштироки сармояи корхонаҳои бонуфузи саноатии Кореяи Ҷанубӣ манфиатдор аст.

Ҷонибҳо ҳамчунин дар мавриди баланд бардоштани самаранокии фаъолияти комиссияи байниҳукуматии ҳамкории тиҷоративу иқтисодии кишварҳо изҳори назар карданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.