Гумонбарии собиқ муовини сарвазири Тоҷикистон ба куштори имоми масҷид

Писари имоми замони ҷанги шаҳрвандӣ кушташудаи яке аз масҷидҳои Ҳисор собиқ раиси ноҳияи Ҳисор, собиқ фармондеҳи Фронти халқии ноҳияи Ҳисор, собиқ раиси шаҳри Душанбе, собиқ муовини сарвазири кишвар, собиқ муовини раиси палатаи поёнии парлумон, феълан нафақахӯр Ҷамолиддин Мансуровро ба куштори падари худ айбдор медонад. Дар мавриди ин масъала ӯ аллакай бозпурсӣ шудааст. Бо назардошти аризаи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Писари имоми замони ҷанги шаҳрвандӣ кушташудаи яке аз масҷидҳои Ҳисор собиқ раиси ноҳияи Ҳисор, собиқ фармондеҳи Фронти халқии ноҳияи Ҳисор, собиқ раиси шаҳри Душанбе, собиқ муовини сарвазири кишвар, собиқ муовини раиси палатаи поёнии парлумон, феълан нафақахӯр Ҷамолиддин Мансуровро ба куштори падари худ айбдор медонад. Дар мавриди ин масъала ӯ аллакай бозпурсӣ шудааст.

Бо назардошти аризаи Бадриддин Сафаралиев, писари имоми охири соли 1992 кушташуда дар Ҳисор Раҳмон Сафаралиев (Ҳоҷӣ Абдураҳмон), муфаттишони мақомоти маҳаллии прокуратура ва милитсия гӯри ӯро кушода, боқимондаҳои ҷасадро барои таҳқиқу ташхис берун оварда, хабар додаанд, ки аз натиҷаҳои он баъди анҷоми ҳамаи расмиёти зарурӣ маълумот медиҳанд.

Дар прокуратураи Ҳисор тасдиқ карданд, ки Ҷамолиддин Мансуров дар доираи оғози тафтиши куштори Раҳмон Сафаралиев аллакай бозпурсӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, писари имом изҳор намудааст, ки дар куштори падари ӯ ба ҷуз Ҷ.Мансуров, ҳамчунин собиқ сардори шуъбаи кофтукови ҷиноии Шуъбаи ВКД Ҳисор Баҳром Сувонов, собиқ муовини фармондеҳи Фронти халқӣ Лутфулло Рӯзиев ва муовини сардори тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и Шуъбаи ВКД Ҳисор Камолиддин Бурҳонов низ даст доранд.

«Раҳмон Сафаралиев (Ҳоҷӣ Абдураҳмон) аввали солҳои 90-ум дар корхонаи обу корези ноҳия кор карда, дар масҷиди маҳаллӣ имомӣ мекард. Рӯзи 30 декабри соли 1992 ӯро ба ситоди Фронти халқии ноҳияи Ҳисор даъват намуда, ба гуфтаи писараш, дар он ҷо парронидаанд. Писараш ҳамчунин изҳор мекунад, ки ҷангиёни Фронти халқии Ҳисор ҳатто аз ӯ 60 ҳазор рубли замони шӯравӣ гирифта, баъд ба гирифтани ҷасади писараш иҷоза додаанд», – гуфтанд дар прокуратура оид ба муҳтавои ариза.

«Азия-Плюс» талош варзид , ки тариқи телефон бо Ҷамолиддин Мансуров тамос бигирад, лекин ӯ дағалона аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзид. «Азия-Плюс»-и Шумо ва чанде дигар аз журналистон пайсае ҳам қадр надоред», – изҳор дошт ӯ.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.