Дидору гуфтушуниди Эмомалӣ Раҳмон бо Путин дар Сочи

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Сочи раҳсипор мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод. Дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ баррасии вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои бисёрҷониба дар назар буда, атрофи масоили мушкилоти рӯзмарраи вазъ […]

Aваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи навбатии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Сочи раҳсипор мегардад. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ хабар дод.

Дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви ИДМ баррасии вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои бисёрҷониба дар назар буда, атрофи масоили мушкилоти рӯзмарраи вазъ дар минтақа ва арсаи байнулмилалӣ табодули назар сурат мегирад. Ҳамчунин масъалаи кишвари раисикунанда дар ИДМ соли 2018 низ баррасӣ хоҳад шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои нишаст қабули Изҳороти сарони кишварҳои узви ИДМ оид ба дастгирии ниҳодҳои оила ва арзишҳои анъанавии он, қарор дар бораи эълони соли 2019 ҳамчуни Соли китоб, соли 2020 – Соли 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар санадҳои марбут ба таҳкими ҳамкориҳои мутақобила миёни кишварҳои узви Иттиҳод пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки дар шаҳри Сочи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон як қатор дидору гуфтушунидҳои дуҷониба низ анҷом медиҳад.

Ба гуфтаи ёвари президенти Русия Юрий Ушаков, имрӯз, 10 октябр дидору гуфтушуниди Владимири Путин бо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.