Эмомалӣ Раҳмон президенти БОР-ро ба ҳузур пазируфт

Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд (БОР) Такехико Накаоро ба ҳузур пазируф. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон Бонки Осиёии Рушдро яке аз шарикони боэътимод ва стратегии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки аз соли 1998 то имрӯз ҳаҷми маблағгузории ин бонк ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии […]

Asia-Plus

Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд (БОР) Такехико Накаоро ба ҳузур пазируф.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон Бонки Осиёии Рушдро яке аз шарикони боэътимод ва стратегии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки аз соли 1998 то имрӯз ҳаҷми маблағгузории ин бонк ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиву иҷтимоии кишвари мо қариб 1,6 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Президенти Тоҷикистон аз дастгирии молиявии Бонки Осиёии Рушд дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаҳои маориф, энергетика, нақлиёт, гумрук, обёрӣ, пешгирии офатҳои табиӣ ва маблағгузории хурд изҳори қаноатмандӣ намуда, ба роҳбарияти бонк барои ҳамкорӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон арзи сипос кард.

Доир ба идомаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд дар доираи татбиқи Стратегияи шарикӣ барои солҳои 2016-2020, Барномаи Ҳамкориҳои минтақавии иқтисодии Осиёи Марказӣ (ЦАРЭС) ва Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 фикру мулоҳизаҳои судманд баён карда шуд.

Изҳори итминон карда шуд, ки ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонк дар доираи ин ҳадафҳо, алалхусус, дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт, амнияти озуқаворӣ ва таъмини шуғл тақвият ёфта, амалишавии барномаи шарикии Бонки Осиёии Рушд бо Тоҷикистон ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат менамоянд ва ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетика ва нақлиёт беҳтару хубтар мегарданд.

Идомаи ҳамкории дуҷониба тавассути иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт, таҷдиду барқарорсозии неругоҳҳои амалкунандаи барқи обӣ, маориф, хусусан омӯзиши касбҳои техникӣ, тандурустӣ, рушди шаҳрҳо, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар бахшҳои афзалиятнок барои ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ гардид. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.