Президенти Қазоқистон алифбои нави забонро тасдиқ кард

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев алифбои нави забони қазоқиро тасдиқ кард, ки дар асоси ҳарфҳои лотинӣ таҳия шудааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, фармони Назарбоев дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Қазоқистон нашр гаштааст. Дар фармон омада, ки ҳукумати Қазоқистон вазифадор карда шуд, то Комисияи миллӣ оид ба баргардонидани алифбои қазоқиро ба […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев алифбои нави забони қазоқиро тасдиқ кард, ки дар асоси ҳарфҳои лотинӣ таҳия шудааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, фармони Назарбоев дар ин бора дар сомонаи расмии президенти Қазоқистон нашр гаштааст.

Дар фармон омада, ки ҳукумати Қазоқистон вазифадор карда шуд, то Комисияи миллӣ оид ба баргардонидани алифбои қазоқиро ба лотинӣ таъсис дода, баргардонидани тадриҷии алифборо ба ин хат то соли 2025 таъмин кунад.

Президенти Қазоқистон ҳанӯз моҳи январи соли 2017 дастур дода буд, ки дар асоси ҳарфҳои лотинӣ алифбои нави қазоқиро то охири сол таҳия кунанд. Қарор аст, то соли 2025 тамоми ҳуҷҷатгузорӣ ва номи кӯчаву хиёбонҳои ин кишвар ба лотинӣ баргардон шаванд.

Тағйири навбатии алифбои қазоқӣ дар ҳолест, ки наздики 80 сол пеш Қазоқистон ба ҳуруфи сирилик гузашта буд. Соли 1929 ҳукумати шӯроҳо алифбои арабиасоси қазоқҳоро нахуст ба ҳуруфи лотинӣ ва баъдан (соли 1940) ба хати сирилик табдил дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?