Шеъри таҳқиромез нисбати тоҷикон дар истгоҳҳои Маскав

Date:

Корбарони Facebook-ро шеърҳои таҳқиромезе, ки дар бораи тоҷикон навишта шуда ва дар яке аз истгоҳҳои шаҳри Маскав насб шудааст, ба хашм овард.

Бино ба иттилои сомонаи Sputnik Тоҷикистон, дар ин шеър дар бораи "тоҷики нобакору баду чиркине", ки дар Маскав ба сар мебарад, сухан меравад. Шеър дар рӯи қоғазе бо рамзи Вазорати нақлиёти Русия нашр шудааст. Корбарони интернет ин шеърро провокатсионӣ хонданд.

"Ин воқеъият надорад. Набояд чунин бошад. Чунин шеърро дар истгоҳ насб кардан, беақлист. Ин шӯрангезие беш нест", — навиштааст корбари интернет.

"Чунин навиштаҷот шӯрангезӣ аст, вале ҳаминаш номаълум ки кӣ ин корро мекунад ва ба хотири чӣ", — савол мегузорад корбари дигаре.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Чуноне ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати нақлиёти Русия хабар доданд, ин ниҳод ба овезаҳо ва шеърҳои таҳқиромез рабте надорад ва дар айни замон аз ҷониби вазорат барномае дар ин росто гузаронида намешавад.

Корманди вазорат ҳамчунин қайд кард, ки рақами телефоне, ки дар ин навиштаҷот навишта шудааст, кор намекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...