Вазири молияи Покистонро дар додгоҳ интизор буданд, вале ӯ аз Душанбе барнагашт

Исҳоқ Дор, вазири молияи Покистон, ки рӯзи 27-уми октябр дар ҳамоише дар Душанбе ширкат дошт, ба ватанаш барнагашт. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, парвандаи ӯро додгоҳи Покистон бо иттиҳоми фасод баррасӣ мекунад ва Исҳоқ Дор бояд рӯзи душанбе, 30-уми октябр дар додгоҳ шаҳодат медод. Аммо рӯзи шанбе ҳавопаймои давлатие, ки ӯро ҳамроҳ бо се тан […]

Радиои Озодӣ

Исҳоқ Дор, вазири молияи Покистон, ки рӯзи 27-уми октябр дар ҳамоише дар Душанбе ширкат дошт, ба ватанаш барнагашт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, парвандаи ӯро додгоҳи Покистон бо иттиҳоми фасод баррасӣ мекунад ва Исҳоқ Дор бояд рӯзи душанбе, 30-уми октябр дар додгоҳ шаҳодат медод. Аммо рӯзи шанбе ҳавопаймои давлатие, ки ӯро ҳамроҳ бо се тан ҳамроҳонаш ба Душанбе оварда буд, бидуни Исҳоқ Дор ба Покистон парвоз кард.

Раҳбарии ҳизби “Лигаи мусалмонон”-ро Навоз Шариф, сарвазири собиқи Покистон бар дӯш дорад ва Исҳоқ Дор узви баландпояи ин ҳизб ҳаст.

Рӯзи дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси Исҳоқ Дор дар маросими адои Ҳаҷҷи Умра дар Арабистони Саудӣ нашр шуд. Ӯ ба назди нахуствазири пешин ва раҳбари ҳизби Лигаи мусалмонони Покистон Навоз Шариф рафт, ки дар Саудӣ қарор дошт. Исҳоқ Дор як узви ҳамин ҳизб мебошад. Дар ҳолати бозгашт ба Покистон, Навоз Шарифро низ хавфи боздошт таҳдид мекунад.

Рӯзномаи "Daily Pakistan" аз қавли як масъули хадамоти матбуоти вазорати умури хориҷии Покистон Саид Ҷовид навишт, нишасти Душанбе, ки дар он ҳайати Покистон ширкат дошт, рӯзи ҷумъаи 27-уми октябр поён ёфт ва қарор буд вазири молия рӯзи шанбе ё якшанбе, бармегашт. Помир Ҳалимзай, хабарнигори Радиои Машъал – бахши покистонии Радиои Озодӣ мегӯяд, Исҳоқ Дор аз Душанбе ба Ҷидда ва аз он ҷо ба Бритониёи Кабир парвоз карда, феълан дар Лондон қарор дорад.

Вакили дифои оқои Дор имрӯз, 30-уми октябр дар додгоҳ гуфтааст, зерҳимояааш фирор накардааст, балки бемор буда, барои табобат ба Лондон рафтаааст ва он ҷо ҳамчунин дар ҳамоишҳои ҳизби “Лигаи мусалмонон” дар ин кишвар ширкат мекунад.

Исми вазири молия дар як парвандаи марбут ба иттиҳоми фасоди нисбати Навоз Шарифу оилааш якҷоя дар санадҳои мавсум ба "Авроқи Панама" ба ҳайси шахси дорои сарватҳои пинҳонӣ зикр шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.