Ваҳдат: ҳалокати се нафар дар ду садамаи нақлиёт

Шабонарӯзи гузашта бар асари садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошингарди кишвар се нафар ҳалок ва боз ду тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 29-уми октябри соли 2017, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Баротов Муҳаммадҷон Мирзоқурбонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ёвон-Ваҳдат”, воқеъ дар ҷамоати […]

Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта бар асари садамаи нақлиёт дар роҳҳои мошингарди кишвар се нафар ҳалок ва боз ду тани дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 29-уми октябри соли 2017, тахминан соати 20:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Баротов Муҳаммадҷон Мирзоқурбонович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Ёвон-Ваҳдат”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Чорсуи деҳаи Ғулакандози шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба чуқурии 160-метр чаппа шуда, дар натиҷа, худи ронанда, Баротов М. аз ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, 30-юми октябри соли 2017, тахминан соати 03:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Ёров Сангинмурод Тағоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Ваҳдат, дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи “КАМАЗ”, таҳти идораи ронанда, Салимзода Амриддини Баҳриддин, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ваҳдат, бархӯрдааст.

Дар натиҷа ронандаи автомашинаи “Опел-Вектра” Ёров С. ва мусофираш, Ғуломов Зокир Алиевич, соли таваллудаш 1983, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Мусофирони автомашинаи мазкур Ғуломов Зафар Алиевич, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Файзобод ва ноболиғ, Ғуломов Ғайратшоҳ Нуралиевич, соли таваллудаш 2000, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки ин ҳодисаҳо мавриди таҳқиқ қарор доранд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.