Боздошти ронандаи гунаҳкори садамае, ки ба ҳалокати 5 тоҷикистонӣ боис гардид

Ба гумони риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба садама бо микроавтобус дар ноҳияи Петровскийии вилояти Саратов ва ҳалокати 5 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон боис гардид, ронандаи автомашинаи боркаш (фура) боздошт шудааст. Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости, шоми рӯзи душанбе микроавтобуси Volkswagen Caravelle ва автомашинаи боркаши "Камаз" дар роҳ ба ҳам бархӯрда, 5 […]

Asia-Plus

Ба гумони риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки ба садама бо микроавтобус дар ноҳияи Петровскийии вилояти Саратов ва ҳалокати 5 тан аз шаҳрвандони Тоҷикистон боис гардид, ронандаи автомашинаи боркаш (фура) боздошт шудааст.

Бино ба маълумоти хабаргузории РИА Новости, шоми рӯзи душанбе микроавтобуси Volkswagen Caravelle ва автомашинаи боркаши "Камаз" дар роҳ ба ҳам бархӯрда, 5 нафар ҳалок ва 6 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд, ки ҳамаашон шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Дар Вазорати тандурустӣ гуфтаанд, вазъи маҷрӯҳшудагон вазнин аст.

Тибқи маълумоти пешакии ВКД, дар ин садама ронандаи 28-солаи автомашинаи «КамАз» ба микроавтобуси дар шоҳроҳ ҳаракатдошта роҳ надодааст.

«Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ронадаи автомашинаи боркаш боздошт ва масъалаи кадом навъи чораи пешакӣ андешидан нисбати ӯ ҳаллу фасл мешавад», – гуфтааст ҳамсуҳбати хабаргузорӣ.

Зимнан зикр мегардад, ки дар сурати исботи гунаҳкории ронандаи автомашинаи боркаши «КамАз» дар ин садама, ба ӯ то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.