Ҳайати Парлумони Аврупо бо вазъи сиёсии Тоҷикистон шинос мешавад

Date:

Дар ҷаласаи шашуми Парлумони Аврупо дар Душанбе бо ҳузури ҳайати ин парлумон ва намояндагони парлумони Тоҷикистон рӯзи 2 ноябр вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва паҳнои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, иштирокчиёни ҷаласа масоили марбут ба амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ намуда, ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ғайр аз ин, дар ҷаласа атрофи масъалаҳои роҳандозии сиёсати экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои об, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, муҳити сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ табодули назар сурат мегирад.

Ҳамчунин баррасии масъалаҳо дар мавриди риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба тавсеа ва густариши ҳуқуқу имконоти ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар назар аст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related