Ҳайати Парлумони Аврупо бо вазъи сиёсии Тоҷикистон шинос мешавад

Дар ҷаласаи шашуми Парлумони Аврупо дар Душанбе бо ҳузури ҳайати ин парлумон ва намояндагони парлумони Тоҷикистон рӯзи 2 ноябр вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва паҳнои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад. Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, иштирокчиёни ҷаласа масоили марбут ба амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии […]

Asia-Plus

Дар ҷаласаи шашуми Парлумони Аврупо дар Душанбе бо ҳузури ҳайати ин парлумон ва намояндагони парлумони Тоҷикистон рӯзи 2 ноябр вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва паҳнои Иттиҳоди Аврупо баррасӣ мешавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, иштирокчиёни ҷаласа масоили марбут ба амният, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро баррасӣ намуда, ба вазъи Афғонистон таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.

Ғайр аз ин, дар ҷаласа атрофи масъалаҳои роҳандозии сиёсати экологӣ, ҳифзи муҳити зист ва идоракунии захираҳои об, вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, муҳити сармоягузорӣ ва рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ табодули назар сурат мегирад.

Ҳамчунин баррасии масъалаҳо дар мавриди риояи ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун дар Тоҷикистон бо таваҷҷуҳ ба тавсеа ва густариши ҳуқуқу имконоти ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар назар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.