Тоҷикистонро тӯфони чангу ғубор фаро мегирад

Date:

Чанд рӯзи наздик дар ҷумҳурӣ вазиши шамоли сахт ва тӯфони чангу ғубор дар назар аст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ дархост мекунад, ки аз сафар ба минтақаҳои кӯҳистон худдорӣ варзида, ба шахсони бемори дилу раг ва фишори хуну роҳҳои нафас бештар таваҷҷуҳ зоҳир шавад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 3-4 ноябр дар як қатор ноҳияҳои вилояти Суғд поинравии ҳарорат пешбинӣ шуда, обуҳаво рӯзона 8-10 дараҷа гарм мешавад.

Бино ба маълумости дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, ҳамчунин дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва чанде аз ноҳияҳои тобеи марказ шиддатгирии суръати вазиши шамол то 12-17 м/с ва тӯфони чангу ғубор дар назар аст.

Кумита аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми кор дар саҳро эҳтиёткор буда, дар минтақаи кӯҳистон ин рӯзҳо аз ҷамъоварии ҳезум ва шикор худдорӣ кунанд.

Ҳамчунин ба ронандагон вава дӯстдорони кӯҳнавардӣ хотиррасон мешавад, ки ҳангоми ҳаракат дар мавзеи кӯҳистон риояи қатъии техникаи бехатарӣ, ҳамчунин риояи масофаи муқарраршуда зарур аст, зеро хавфи сангфароӣ вуҷуд дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...