Боздошти корманди «бардурӯғ»-и Агентии зиддифасод дар Суғд

Дар вилояти Суғд як нафаре боздошт шуд, ки худро муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд муаррифӣ карда, хоҳиши бепул аз муоинаи тиббӣ гузаштанро доштааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, намояндаи ширкати «Диамед» дар вилояти Суғд доир ба ин масъала ба Раёсати Агентӣ муроҷиат кардааст. Гуфта […]

Asia-Plus

Дар вилояти Суғд як нафаре боздошт шуд, ки худро муовини сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар вилояти Суғд муаррифӣ карда, хоҳиши бепул аз муоинаи тиббӣ гузаштанро доштааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Агентӣ, намояндаи ширкати «Диамед» дар вилояти Суғд доир ба ин масъала ба Раёсати Агентӣ муроҷиат кардааст.

Гуфта мешавад, ба маркази ташхис шаҳрванд Шарипов Раҳим Муҳаммадович муроҷиат карда гуфтааст, ки муовини роҳбари Раёсати Агентии зиддифасод дар Суғд аст ва талаб кардааст, ки ташхиси ӯро бепул гузаронанд, вагарна бо истифода аз ваколатҳои мансабиаш, дар фаъолияти онҳо мушкилӣ эҷод мекунад.

«Дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Шарипов Раҳим Муҳаммадович дар бинои ташхисгоҳи мазкур боздошт шуда, ба Раёсати Агентӣ оварда шуд, – омадааст дар маълумоти Агентӣ. – Ҳангоми гузаронидани таҳқиқ номбурда ба корманди Агентӣ, ки шахси мансабдор мебошад барои ҳал намудани натиҷаи санҷиш ба фоидаи ӯ ва раҳо ёфтан аз ҷавобгарӣ, ба сифати пора 1358 сомонии бо худ доштаро пешниҳод намудааст».

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолатҳои дар боло зикградида нисбати Шарипов Раҳим Муҳаммадович бо моддаҳои 320 қисми 1 ва 247 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.